“Китоби нав”-тарҳи нави ҳамкории шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва телевизиони “Баҳористон” 

кӯдакон ва наврасон“Китоби нав” лоиҳа барномаи ҷадиди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ аст, ки дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” бори аввал баргузор шуд.

Барнома  дар доираи тарғибу ташфиқи китобҳои нав ба чоп расида ва бедорнамоии завқи китобхонии кӯдакону наврасон баргузор мешавад ва дар авалин нашри он китобҳои “Рисолаи дилкушо”- и Убайди Зоконӣ ва “Афсонаҳои халқи тоҷик”, чопи соли 2024 ба бинандагон муаррифӣ гардид.

Холид Шарифов – хонандаи фаъоли шуъбаи адабиёти  кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ҳамчунин ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 дар нашри нахустин як ҳикоя аз ”Рисолаи дилкушо” ва як афсона аз китоби “Афсонаҳои  халқи тоҷик”-ро ба бинандагони хурдсол нақл кард.

Таъкид гардид, ки китобҳои мазкур дар соли 2024 бо  нашри нав ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ворид гардида, ҳамарӯза аз он даҳҳо нафар хонандагон истифода мебаранд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории барномаи “Китоби нав” муаррифии китобҳои ба шуъбаи мазкур воридгардида ва ҷалби хонандагон ба мутолиа китоб мебошад. Ба иттилои Шаҳноза Дониёрова – сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ давоми соли гузашта ба шуъбаи мазкур садҳо китоб ворид гардида, ҳамчунин тибқи дархости хонандагон роҳбарияти Китобхона китобҳои заруриро харидорӣ намуд.

Шаҳноза Дониёрова ҳамчуни н иброз дошт, ки моҳи сентябри соли 2024 ба шуъба наздики 250 нусха адабиёти бачагона аз ҷониби роҳбарияти китобхона харидорӣ гардида, дар шуъбаи мазкур пешкаши хонандагон гардонида шуд.

Наргис Назарзода