Китоби нав: «Таърихи психология»
Воситаи таълимии «Таърихи психология» аз масъалаҳои муҳими таърихию психологӣ, ба монанди мафҳум предмет, усулҳо ва принсипҳои фанни таърихи психология; таърихи психология дар давраҳои қадим, асрҳои миёна ва замони муосир; ташаккули психология дар Тоҷикистон; равия ва самтҳои психология дар замони муосир мебошад.
Тавре муаллифон дар сарсухани китоб овардаанд, таърихи психология яке аз фанҳои мукаммалест, ки донишҳоро оид ба соҳаҳои алоҳида ва мушкилоти психологи таҳлил мекунад. Аз як тараф, мазмуни он ба донишҳои аз курсҳои дигар – психологияи умумӣ, синусолӣ, иҷтимоӣ ва ғайра бароянда асос меёбад. Аз тарафи дигар, таърихи психология имкон медиҳад, ки ин донишҳо ба як низом дароварда шуда, мантиқи ташаккули психология, сабабҳои тағйироти предмети он ва масъалаҳои пешбарандаи он дарк карда шаванд.
Аз фанни «Таърихи психология» бо забони тоҷикӣ мавод, хеле кам ба назар мерасад. Аввалан, бисёр китобҳои хуби дарсӣ кайҳо навишта шуда буданд. Аз он вақт инҷониб, психология бо маълумотҳои нав, ки наслҳои нави соҳаи психология бояд дар бораи онҳо омӯзанд, ғанӣ шудаанд. Сониян, ҳар як омӯзгор мувофиқи майлу хоҳиши шахсии худ дар бораи фанни худ сухан меронад. Ин, чунин маъно дорад, ки аслан як китоби дарсӣ мавҷуд буда наметавонад, ки ба ҳама категорияи шахсони мувофиқ бошад.
Аз ин мулоҳизаҳои одӣ хусусиятҳои ин китобро пайггири кардан мумкин аст. Муаллифон дар бораи баъзе соҳаҳои муосири психологияи таърихи ташаккули он, ташаккули психологияи Шарқ ва Ғарб, ташаккули психологияи ватанӣ, ки дар китобҳои дарсӣ амалан зикр нагардидаанд, сухан ронанд. Муносибат ба ин мактабҳои муосири равоншиносӣ имрӯз на танҳо дар кишварҳои гунонун, балки дар байни равоншиносони алоҳида низ хеле фарқ мекнад. Бо вуҷуди ин, таваҷҷуҳ ба онҳо зиёд шуда истодааст, аз ин рӯ, бояд ҳадди ақал ҳузури онҳо ва баъзе принсипҳои бунёдие, ки намояндагони ин самтҳо ҳангоми сохтани назарияҳои худ аз онҳо бармеоянд, ба таври мухтасар зикр кардан лозим аст…
Китоби «Таърихи психология» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.