Китоби нав. “Тазкират – ул – китоб”

Ин китоб дар баёни авлиёҳо ва тариқаҳояшон ва фаъолияташон, аз куҷо буданд ба куҷо рафтанд ва чӣ корҳо анҷом доданд. Ва он бо талоши Эшони Ҳоҷӣ Муҳаммадумари Солиҳзода омода шудааст. ба китобакадемики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Ҳилолов тақриз навиштааст.

  Муҳаммадшоҳ Ҳилолов гуфтааст, ки ба дасти хонандаи мўҳтарам китобе мерасад дар баёни ҳол ва аҳволи тариқоти авлиёҳо. Рисолаи Алӣ Муҳаммади Балхӣ аз ҷониби Муҳаммад Умари Солеҳзода хеле мўшикофона тадқиқ шудааст ва дар баробари ба хатти криликӣ бори аввал баргардонда шудани китоб, инчунин, шарҳу тавзеҳоти зиёд ба он шомил шудааст, ки қироати онро хеле осон мегардонад. Бояд қайд кард, ки китоби тақризшаванда таҷрибаи аввали Муҳаммад Умари Солеҳзода нест. Аз ҷониби эшон соли 2005 китоби «Шаҷара – тул – қудс» ба чоп расида буд, ки дар он таърихи мукаммали Саидзодаҳо оварда шудааст. Китобе, ки ҳоло дар дасти хонанда аст, ба таърихи тариқаҳои авлиёҳои бузурги гузашта, ки ба аҳли тасаввуф таалуқ доранд, бахшида шудааст. Муаллиф сохтори мантиқии рисолаи Алӣ Муҳаммади Балхиро нигоҳ дошта, онро аз бисёр ҷиҳатҳо пурра кардааст.

    Ў қайд мекунад, ки дар 6 тариқа аз замони Пайғамбар (с) ва чор ёри ў шурўъ шуда то ба даврони мо расидаанд. 7 тариқаи дигар (Равозия, Даҳбедия, Аҳрория, Аумадия, Саъдия, Банурия,Умрия) аз ҷониби бузургтарини пирҳои тариқат кашф шудаанд. Мақоми тариқаҳои номбурда ва тариқаҳое, ки аз Пайғамбари Расул (с) ва чор ёрони ў омадаанд, дар шинохти ҳақ ва дур будани аз ботил хеле барҷаста мебошад.

     Маҳз аз ҷониби пирони тариқаҳо ва силсилаи шогирдони онҳо оммаҳои васеъи мардум имкон пайдо кардаанд, ки ҷавҳари аслии дини мубини исломро дарк кунанд.

    Ба назари мо китоби нав Эшон Ҳоҷӣ Муҳаммадумари Солеҳзода боми баландест дар фаҳмиши таърих, фалсафа ва илоҳиёти тариқаҳои  мухталифи тасаввуф.

Китоби “Тазкират-ул-китоб” – ро шумо ҳоло метавонед дар китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Мавзуна Назарова.