Китоби нав: «Тибби тоҷик: аз рўзгори қадим то замони муосир»
Муаллифони ин китоб Маҳмадшоҳ Гулзода ва Абдушукур Раҷабзод буда, он таърихи тибби тоҷикро аз рӯзгори қадим то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар бар мегирад. Дар китоб ҳамчунин мактабҳои илмӣ ва донишмандони машҳури ин соҳа муаррифӣ гаштаанд. Китоб барои истифодаи алоқамандони соҳаи тиб ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Навиштани китоб роҷеъ ба таърихи тиб корест, ки иҷрои он ниёз ба мутолиаи фаровон ва сарфи вақти зиёд аст. Аммо, аз сӯи дигар, ба ҳоли худ гузоштани ин кор низ нишони носипосӣ ба заҳматҳои кашидаи табибони шуҳратёри гузашта мебуд. Аз ин лиҳоз мо дар ин роҳ қадами устувор гузоштем ва кӯшиш кардем, ки ба дасти хонанда як китоби ҷомеъ расад. Дар китоб таърихи тибби тоҷик аз замони бостон то асри ҳозир ва соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, донишмандони машҳури ин ришта ҳатталимкон муаррифӣ карда шуданд.
Дар таълифи китоб кори нисбатан душвор таҳияи мундариҷа буд. Хушбахтона дар ҳаҷми бисту се боб мундариҷаи пурмуҳтавое тартиб дода шуд: Зарурат ва моҳияти таърихи тиб дар низоми таҳсилоти тиббии имрӯз; Таърихи мухтасари халқи тоҷик ва ҳампайвандии он бо таърихи илми тиб; Авесто ва зуҳури аввалин донишҳои пизишкии гузаштагони мо; Тибби аҳди қадим ва пайдоиши нахустин мактабҳои пизишкӣ; Академияи Гундишопур ва донишҳои пизишкии рӯзгори Сосониён; Саҳми донишмандони форс-тоҷик дар пешрафти бесобиқаи илми тиб; Шукӯҳи тибби форс-тоҷик дар асрҳои IХ-ХІІІ; Абуалии Сино – хуршеди беғуруби тибби аҳди Сомониён, давраҳои баъдӣ ва дунёи пизишкии имрӯз; «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ донишномаи маъруфи тиббӣ; Тибби форс-тоҷик дар асрҳои XIV-XIX; Бархе вежагиҳои тибби суннатии форс-тоҷик; Давоҳои тибби қадим, тавсифи мухтасари баъзе доруҳои наботӣ, маъданӣ ва ҳайвонӣ; Беморӣ ва сабабу омилҳои беморизо аз назари пизишкони гузашта; Роҳҳои анъанавии табобат дар тибби қадим; Таъсис ва фаъолияти густурдаи бемористонҳо; Тибби суннатии форс-тоҷик ва таъсири он ба илми пизишкии муосир; Табиб ва пазироии табибон, ситоиши пизишкони ҳозиқ ва мазаммати табибони ҷоҳил, узри бемор гаштани табибон: Ҳамбастагии тибби қадим бо фалсафа; Партави тиб дар шеъру адаб; Ташаккули истилоҳоти форсӣ-тоҷикии тибби ниёгон; Шебу фарози тибби мардумии тоҷик; Тибби замони шуравӣ, таъсиси пойгоҳҳои тиббӣ дар Тоҷикистон, табибони варзидаи шуравии тоҷик; Тиббу табобат дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои пешрафти он; Хулоса ва натиҷагарӣ.
Бахшҳои номбурда роҳи дар тули ҳазорсолаҳо тайкардаи тибби форс-точикро то ҳадди имкон равшан месозанд. Дар пешрафти тибби форс-тоҷик ва шуҳрати оламшумул пайдо кардани он таъсири тибби Юнон, Ҳиндустон, Чин, Миср ва мамлакатҳои шарқи араб назаррас мебошад. Аз ин хотир дар китоб дар бораи тибби ин кишварҳо низ маълумоти муъҷаз оварда шудааст.
Ба китоб аз пизишкони замони шуравӣ ва давраи Истиқлол онҳое ворид гаштанд, ки узви вобаста ва ё узви пайвастаи АМИТ мебошанд, бо унвону мукофотҳои ҳукуматӣ, аз қабили Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Духтури халқии ИҶШС, Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва амсоли онҳо қадрдонӣ гаштаанд. Рӯйхатти адабиёте, ки ҳангоми таълифи китоб истифода гардид, дар охир ҷой дода шудааст.
Дар китоб аз маъхазу манбаъҳои боэътимод истифода шуд, ки ба онҳо дар поварак ва рӯйхатти адабиёт ишора рафтааст.
Таълифи чунин китоб албатта, бе камбуд нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз аз хонандагони арҷманд, хусусан аз табибону алоқамандони илми тиб, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар гардидани сифати китоб маслиҳату мулоҳизаҳои худро ба нишонии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ирсол намоянд. Умедворем, ин китоб на танҳо китоби таълиму тадрис бошад, балки ангезае гардад барои пажуҳиши бештар дар ин бахши муҳимми таърихи халқи тоҷик.
Хонандагон китоби М. Гулзода, А. Раҷабзод «Тибби тоҷик: аз рўзгори қадим то замони муосир»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд