Китоби нав. Тоҷинисо Муродова. “Дар олами ҳикмат”

   Муаллиф китоби худро ба 30 солагии истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 солагии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшидааст ва он чанде пештар дар шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.

           Дар китоби «Дар олами ҳикмат», маҷмўаи мақолаҳои фалсафӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳамчунин масоили мубрами замони муосир мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст, ки ба қалами муҳаққиқи таърихи фалсафа Тоҷинисо Муродова тааллуқ доранд. Мақолаҳои бахши аввали китоб бо ду забон – рўсӣ ва тоҷикӣ навишта шудааст, ки аз нигоҳи мазмун комилан фалсафӣ буда, масоили ҳастӣ, назарияи маърифат, таҳлили категорияҳои фалсафӣ дар таълимоти Абуяъқуб Сиҷистонӣ ва Носири Хисрав аз зовияи илмӣ баррасӣ шудааст. Дар ҳамин бахш таълимоти ахлоқӣ- равошиносӣ-психиологии Муҳаммад Закариёи Розӣ низ таҳқиқ гардидааст.

Мақолаҳои бахшҳои дуюм ва сеюм ба ҷанбаҳои мухталифи таълимоти маънавии мутафаккироне бахшида шудааст, ки онҳо бори аввал мавриди омўзишу таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд. Аз он ҷумла, Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Имода Фақеҳ, Аҳлии Шерозӣ, Ҳаким Сафо, Маҳдии Нароқӣ, ки аз бузургони илму тамаддун ва фарҳанги форсу тоҷик буданд.

Бахши чоруму панҷум китоб масоили мубрами замони муосир –  истиқлолияту ваҳдати миллӣ, масоили таълиму тарбия, ҷойгоҳи зан ва мақоми ў дар пешрафти оила ва ҷомеа ва ҳамчунин фаолияти илмии чаҳор нафар муҳаққиқони шинохтаи ватаниро ба таври мухтасар дар бар гирифтааст.

Китоб дастури шоистае барои аҳли илму адаб, донишҷўёну олимони ҷавон ва дўстдорони ҳикмати фалсафиву ахлоқии кишварамон шуда метавонад.

 

Шарофат Мирзоева