Китоби нав: Турсунов Т.Ҳ., Новиков С.В. «Таърихи мамлакатҳои хориҷӣ»

Ин китоби дарсӣ мувофиқи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳия шудааст. Он институтҳои асосии давлат ва муҳимтарин далелу воқеаҳои таърихи мамлакатҳои хориҷиро дарбар мегирад. Мавод бо тартиби пайдрапайии хронологии давраи ғуломдорӣ ва феодалӣ, дар ду фасл ва 18 боб мураттаб шудааст.

Китоби мазкур барои донишҷўён, магистрҳо, унвонҷўён, омўзгорон, инчунин барои онҳое, ки ба таърихи мамлакатҳои хориҷӣ шавқ доранд, пешкаш шудаастд.

Муаллифон дар муқаддимаи китобашон гуфтаанд, ки ҷанбаҳои асосии таърихи мамлакатҳои хориҷиро дар давраи ғуломдорӣ ва феодализм пешниҳод намудем. Хонанда ба марҳалаҳои асосии инкишофи тамаддунҳои қадим шинос мешад, аз сохти ҷамъиятӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, ҳуқуқ ва сиёсати ин давраҳо маълумот мегирад. Аз таъсири ин давраҳо ба ташаккули ҷаҳони муосир, инчунин нақши онҳо дар таърихи башарият огоҳ мегардад.

Хонандагон китоби Турсунов Т.Ҳ., Новиков С.В. «Таърихи мамлакатҳои хориҷӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд