Китоби нав. Умари Шерхон: «Кавкабони синамо»

Кавкабони синамоМаҷмуаи «Кавкабони синамо» аз очерку мақолаҳои дар мавзуи кино иншонамудаи муаллиф мураттаб гаштааст. Бисту се очерку мақола аз рӯзгору эҷоди шахсиятҳои номвар, режиссёрону ҳунарварони маъруфу маҳбуби советӣ, аз ҷумла Борис Кимёгаров, Комил Ёрматов, Султон Мирзошоев, Ҳошим Гадоев, Вячеслав Тихонов, Толомуш Океев, Асаналӣ Ашимов, Тамара Кокова, Абдусалом Раҳимов ва дигаронро фаро мегирад.  

Санъатшинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар сарсуханаш ба ин китоб навиштааст: «Кавкабони синамо» муште аз хирвори синамо офаридаҳои Умари Шерхон маҳсуб мешавад. Маҷмуа аз 23 нигоштаи беҳтарини муаллиф гирд омада. Дақиқтараш он аз 23 портрети мукаммали журналист таҳия шудааст, ки ҳар кадоме аз якдигар фарқи куллӣ дорад. Дар маркази диққати муаллиф ҳамеша қаҳрамони асосӣ қарор дошта бошад ҳам, рафти ба объекти тадқиқ, муносибат намудан хеле аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо қаламкаш ба қаҳрамонаш аз зовияи як раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳунарӣ назар афканад, дар ҳолати дигар ин зовияро офаридаи алоҳида ташкил медиҳад, ки дар маркази он маҳз қаҳрамони интихобнамудаи ӯ қарор дорад.

Дар ин раванд то андозае омезиши жанрҳо низ ба чашм мехӯрад. Дар баъзе ҳолатҳо муаллиф агар дар кушодани табиати хислати қаҳрамон ва офаридаҳояш аз мусоҳибаи журналистӣ истифода барад, дар дигар ҳолат мушоҳидаҳои шахсияш кор медиҳанд.

Дар ҳама ҳолат ӯ аз манбаъҳои муътамад истифода бурданро шарти муҳим меҳисобад. Аз ин ҷост, ки аксари офаридаҳояш дар худ бозёфтҳои аҷибро ғунҷондаанд. Агар Умари Шерхон аз назари як муҳаққиқи соҳа ба бозёфтҳояш муносибат карда, онҳоро ривоҷ медод, бархе аз нигоштаҳояш ҷанбаи муҳими илмиро ҳам дар худ касб мекард.

Ҳамчунин, ин нуктаи муҳим аз назари хонанда пинҳон нахоҳад монд, ки муаллиф қаҳрамонҳои худро хеле дӯст медорад. Ҳамин аст, ки дар рафти мутолиаи матолиби ин маҷмуа хонанда низ ба қаҳрамонҳои он дил хоҳад баст. Сатҳи ҳунари ҳар кас вобаста ба истеъдодаш фарқ хоҳад кард, вале таҷрибаи андӯхтаи банда дар ҷодаи ҳунар ба ман имкон медиҳад, бигӯям, ки на ҳар фарди дар бораи ҳунар сухангуфта ба он меҳру муҳаббати хос дорад. Паси ҳар матлаб ва ҳар сатри ин матолиб меҳри беандозаи муаллиф ба қаҳрамонҳояш эҳсос мегардад. Ин чизи аз ҳама муҳим аст, зеро танҳо аз рӯйи меҳр меҳрро ба даст овардан мумкин аст…

Хонандагони азиз ҳоло имкон доранд китоби «Кавкабони синамо»-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.