Китоби нав. Қурбоналӣ Ҳасанов: «Рутбаи ман – одамгарист»
Се сол қабл рӯзи 14 октябр ҳуқуқшиноси варзида, генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов дар синни 68 солагӣ бар асари бемории КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе аз олам гузашт.
Баъди вафоти ҳуқуқшиноси варзида, генерал-майор, инсони накўному накўкор, ҳалиму меҳрубон, нуктасанҷу нуктафаҳм, хандонлабу покзамир шодравон Қурбоналӣ Ҳасанов моҳи августи соли 2022 ба муносибати 70-умин солгарди зодрўзи ў аз ҷониби Ҳасанзода Лочин Қурбоналӣ (писараш) ва Мирзовалӣ Ҷўраев китобе бо унвони «Рутбаи ман – одамгарист» дар чопхонаи «Мулквар» ба нашр расид.
Китоб бо ду мисраъ шеъри шоири шинохтаи тоҷик Қутбӣ Киром оғоз гардидааст.
Бар нокасони зиндагӣ гардан надодаам,
Аз зери теғ бо сари боло гузаштаам.
Ин китоб аз силсиладафтари хотирот ва рўзгори ибратомўзи Қурбоналӣ Ҳасанов, ки навиштаҳои паҳну парешон аз ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолияти содиқонаи чандинсола, меҳнатпарастиву ватанпарастӣ, одаму одамгарӣ, худшиносиву хештаншиносӣ, нахустчакидаҳои назмию насрӣ, хотирапораҳои зиндагӣ, абёти пурҳикмат, андарзҳои раҳнамо, меҳрномаҳои ёру дўстон, номаҳои ифшогар, соядастҳо аз худ ва дигарон, табрикоту қадрдониҳо, муаррифномаҳо ва лаҳзаҳои нотакрор аз аксҳои ёдгории ўро дарбар мегиранд, таҳия шудааст.
Аниқтараш, китоби мазкур аз осори хаттии нашршудаву номатбўи муаллиф дар давоми солҳои 1960-2020 гирдоварӣ шуда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Қурбоналӣ Ҳасанов 31 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ, дар оилаи яке аз шахсиятҳои маъруфи водии Зарафшон Ҳасан Карамов ба дунё омадааст. Таълими таҳсилоти 8-соларо дар мактаби деҳаи номбурда ба анҷом расонида, аз соли 1966 то 1970 дар Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент таҳсил мекунад. Аз моҳи сентябри соли 1970 то моҳи майи соли 1971 дар мактаби таҳсилоти 8-солаи деҳаи Кантеи ноҳия ба ҳайси омўзгор фаъолият кардааст.
Солҳои 1971-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ адои хидмат намуда, пас аз анҷоми он ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1978 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, аз моҳи октябри ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз менамояд.
Шодравон Қурбоналӣ Ҳасанов аз соли 1978 то моҳи майи соли 1987 дар мақомоти прокуратура дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ёрдамчии прокурор ва муфаттиши калони Прокуратураи шаҳри Конибодом, муфаттиши калони Прокуратураи вилояти Ленинобод (Суғд), муфаттиши калон, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи шаҳри Душанбе ва муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Моҳи июни соли 1987 бо тавсеаи ташкилотҳои ҳизбӣ ба Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар Душанбе ба кор омада, то моҳи январи соли 1990 дар вазифаҳои корманди шуъбаҳои ташкилӣ ва маъмурии он ифои вазифа намудааст. Сипас, аз моҳи январи соли 1990 то моҳи октябри соли 1991 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи назорати халқии шаҳри Душанбе кор карда, ҳамзамон дар ин давра вакили Шўрои намояндагони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Аз моҳи октябри соли 1991 боз ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омада, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори калони Раёсати назорати тафтишот дар мақомоти прокуратура, муовини прокурори ҳарбии гарнизони Хуҷанд, сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумрук, прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, муовини сардори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Бинобар ба синни нафақа расидан бо хоҳиши худ аз 10 сентябри соли 2015 ба нафақа баромадааст. Баъдан тўли панҷ сол фаъолияти худро дар Донишкадаи омўзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Шодравон Қурбоналӣ Ҳасанов дар тўли зиндагӣ ва фаъолияти худ шогирдони зиёде тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки имрўз дар ҷомеа ҳар кадоме саҳмгузор ҳастанд.
Зиндагиномаи ў пур аз андарзу ҳикматанд. Воқеан ҳам ў дар ҷомеа яке аз шахсиятҳое буд, ки одаму одамгариро барои худ на танҳо рутба, балки марому мақсад ва касбу кори зиндагӣ донистааст. Ва ҳамин чаҳор мисраъ шеърро шиори ҳамешагии худ қарор додааст.
Ҳаст ҳар гуна гариҳо дар забони модарӣ,
Заргарӣ, савдогарӣ, ғоратгарӣ, иғвогарӣ.
Ҳар гарӣ як ҳусн дорад, як амал, як ҷозиба,
Лек аз ҷамъи гариҳо беҳтар аст одамгарӣ!
Инак, се сол мешавад, ки ҷойи эшон дар кошонаи илми ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва фарҳанги халқи тоҷик холист. Аммо ёдашон дар дилу дидаи пайвандон, ёру дўстон, ҳамкорону ҳамкасбон, шогирдон ва фарҳангиён ҷовидон хоҳад монд.
Хонаи охираташон нурониву обод бод!
Бибираъно Ҷўраева, мудири бахши китобҳои махсус