Китоби нав. Ҳуснигул Ализода: “Ҷанбаҳои ташкилию иқтисодии рушди низоми таҳсилоти миёнаи касб”
Дар монографияи мазкур фаҳмишҳои илмӣ оид ба ҷанбаҳои ташкилию иқтисодии рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дар асоси гурӯҳбандӣ нишон додани хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо таҳлил ва муқоиса карда шуда, ҷанбаҳои назариявии категорияи иқтисодии рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ – иҷтимоии баҳодиҳии он таҳқиқ ва тамоили рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат арзёбӣ гардиданд.
Инчунин, масъалаҳои низоми маориф ва таҳсилоти касбӣ ҳамчун бахши муҳими соҳаи иҷтимоии иқтисоди миллӣ, мазмун ва сохтори низоми идораи рушди таҳсилоти касбӣ, хусусият ва проблемаҳои ташаккул ва рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, рушди инфрасохтори инноватсионӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ғайра таҳлилу муқоиса карда шуданд.
Ин китобро шумо метавонед дар китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд