Китоби нав. Устоди комил ва шахсияти фозил

Устоди комил Китоби мазкур ба ҳаёт, фаъолияти педагогӣ ва илмии доктори илмҳои педагогӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, профессори Фахрии Донишгоҳи давлатии Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович бахшида шудааст. Китоб аз 3 кисм иборат буда, дар қисми аввал мавод оиди ҳаёт ва фаъолияти педагогию илмӣ, меҳрномаи дӯстону ҳамкорон, дар қисми дуюм хотира ва андешаҳои олимон, дӯстону ҳамкорон ва пайвандон ва дар қисми сеюм аксҳои хотиравӣ аз зиндагиномаи эшон гирд оварда шудааст.

Доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонзода дар сарсухан ба китоб навиштааст: Дар муасисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» олимону донишмандони варзида кору фаъолият менамоянд, ки дар даврони бемайлони руши илму маориф ин боргоҳи маърифат ва донишро ба як махзани бузурги илмиву таълимӣ табдил дода, дар ин арса ба дастовардҳори назаррас ноил гардидаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои мунаввари соҳаи илм, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия, директори Институти илмӣ таҳқиқотии илмҳои педагогӣ Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович ба шумор меравад, ки дар самти рушди илмҳои педагогӣ, хусусан тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, монографияҳо корҳои назаррасу мондагореро ба анҷом расонидааст. Ҳарчанд устод дар вазифаҳои пурмасъулияти донишгоҳӣ, аз аспиранти кафедра сар карда, то муаллим, сармуаллим, дотсент, сардори бахши Ленинободии Академияи хурди илмҳо, мудири кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ, мудири кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ, декани факултети педагогӣ, мудири кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии факултети педагогӣ, роҳбари шӯъбаи таълимии донишгоҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ кору фаъолият кардааст, пеш аз ҳама устод ҳамчун як олими шинохта ва сермаҳсул бо таълифи рисолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷодаи баррасӣ кардани муҳимтарин масъалаҳо ва муаммоҳои илмҳои педагогӣ ном баровардааст.

Рисолаҳои илмии муаллиф “Назария ва амалияи тарбияи меҳнатии мактаббачагон”, (1994),“ Омодагии омӯзгорони оянда ба комтютеркунонии раванди таълими мактабҳои муосир” (2006), “Муошират, таъсири мутақобила ва танзими муносибати одамон” (2009), “Муошират ва худшиносӣ” (2013), “Асосҳои педагогии идоракунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар марҳалаи муосир” (2020), “Масъалаҳои мутобиқшавии омӯзгорони ҷавон ба фаъолияти педагогӣ” (2020) аз шумори китобҳои таълифнамудаи муаллиф ба шумор мераванд, ки заҳмату меҳнати шабонарӯзии донишманди мазкурро дар таҳкиқи муааммоҳои муҳими педагогика нишон медиҳанд. Устод, ки соли 1983 рисолаи номзадии хешро таҳти унвони “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии мактаббачагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1945” ва соли 1996 рисолаи докториро таҳти унвони “Системаи педагогии тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои болоӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муваффақият ҳимоя карда, унвонҳои илмии номзади илмҳои педагогӣ ва баъдан доктори илмҳои педагогиро ба даст овардааст. Ин корҳои илмии ҳимоягардида ба сифати китобҳои алоҳида нашр гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳои баланд дода шудаанд. Ба таъбири дигар ин пажӯҳишҳои анҷомдадаи профессор Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович як падидаи тозаи илми педагогика буда, як дастоварди олимонаи муҳаққиқ дар давраи фаъолияти тадқиқотиаш ба ҳисоб меояд. Ҳарчанд Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович баъдан дар мавзуъҳои дигар пажӯҳишоти хешро идома додааст, аммо ин амали ӯ боиси васеъ гардидани доманаи фаъолияташ шудааст. Дар мавриди рисолаҳои арзишманди ӯ ба сифати корҳои бунёдӣ имрӯз бояд мутахассисони соҳа фикру мулоҳизаҳои хешро баён доранд ва боварии комил дорем, ки чунин заҳматҳои анҷомдодашуда ба таври васеъ аз ҷониби шогирдони устод ба алоқамандони соҳаи педагогика муаррифӣ мешаванд ва дар баробари он боз ҷиҳатҳои камомӯхташудаи масъалаҳои мавриди назари устод бо ин гуна тадбирҳои муҳими илмӣ мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.

Хонандагони азиз китоби «Устоди комил ва шахсияти фозил»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммаогардонии фонд.