Китоби нав: Воҳидова Санавбарбону «Ёде аз Ҳинди бузург»

Ёде аз Ҳинди бузургМаҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳиндустон инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ, натиҷаи сафараш ба кишвари зебоманзари Ҳиндустон, ки дорои табиати мафтункунанда ва биҳиштосо буда, яке аз «Ҳафт аҷоиботи олам» ба ҳисоб меравад, рӯи чоп овардааст. Маҷмӯа ба забони тоҷикӣ ва англисӣ буда, ба доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад.

Дили тоҷику ҳинду чун ду шамъи анҷуман афрӯхт,
Ба доғ ин ду шамъи анҷуманафрӯз Бедил сухт.

(Мирзо Турсунзода)

Дар китоби «Ёде аз Ҳинди бузург» муаллиф, доктори илмҳои таърих, шарқшинос, дорандаи ҷоизаи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Санавбарбону Воҳидова маҷмӯаи мақолаҳои илмиашро марбут ба тадқиқоти Ҳиндустон ва натиҷаҳои сафарҳояш ба ин кишвари соҳибтамаддун ва фарҳангофарин ҳамчунин иштирок дар конфронсҳои илмӣ ва тадрис дар Донишгоҳҳои бонуфузи Ҳиндустон ба монанди Ҷавоҳарлал Неҳру дар фокултаҳои олмонӣ, русӣ, форсӣ ҷамъоварӣ намудааст.

Боиси қайд аст, ки дар замони ҳукуматдории Кушониён тамаддуни бузурги Ҳинд то ҳудуди Хоразм ба тарафи Шимол ва то қораи Ҳинд дар ҷануб бо маркази худ Пушналавала (ҳозираи Пешовар) паҳн гардида, нақши намоёни худро аз рӯи фарҳанги сиёсии мардумони ориёнажод гузоштааст.

Вилояти Суғдиён, махсусан водии Зарафшон дар таърихи тамаддуни худ ҳикоятҳоеро дар бораи раҳоии Буддо аз банди моддӣ ва маънавии Нирвон нигоҳ доштааст. Дар ин ҷо бояд суханони ҳиндшиноси маъруфи олмонӣ Ф.Шлегелро ба ёд биоварем, ки мегӯяд: «Ин ҷо манбаи ҳамаи забонҳо, ҳамаи ақидаҳо ва назми рӯҳи инсоният аст: ҳама бидуни истисно аз Ҳинд ба вуҷуд омадааст». Дар китоби худ профессор Санавбарбону Воҳидова саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлал Неҳру, Сарвапалли Родокришнон, Мавлоно Абулкалом Озодро қайд намуд, ки онҳо нафақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки онҳо роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи кишвари худ тай кардаанд.

Воқеияти таърихӣ ин аст, ки чандин қарнҳо дар қаламрави Ҳинустону Покистони имрӯза адабиёти форсизабонон  хело инкишоф ёфта, то нимаи якуми қарни ХХ арзи вуҷуд карда буд.

Чунки «адабиёти форсизабон»-и Ҳиндустон як бахши фарҳанги ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Китоб фарогири зиёда аз 15 мақолаи илмии гуногунҷанба буда, ҳар яке ба мутафаккирони  шуҳрати ҷаҳонидошта мисли Ҳофиз ва Хайём ва таърихи пайдоиши ин рубоиёти ширину гуворои онҳо, ки аз Ҳинд маншаъ гирфитааст, бахшида шудаанд. Ногуфта намонад, ки ҳар яке аз ин мақолаҳо дар алоҳидагӣ арзиши волои илмӣ дошта, инчунин ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони англисӣ ба хонандагон пешкаш карда мешавад.

Чӣ хеле ки муаллиф қайд менамояд, хонанда метавонад барои худ чизҳои ҷолибро пайдо намояд. Шиносоӣ бо ин китоб хонандаро аз таърихи тамаддуни куҳанбунёди Ҳинди бузург бархурдор менамояд. Ин китоб аз мероси ғании Ҳинду Тоҷик гувоҳӣ дода, «пули сеҳрнок»-ро байни ду кишвари ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Ҳиндустон кашф намуда, дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстии деринаи ин ду халқи дорои тамаддуни куҳан ва бузург мусоидат менамояд.

Президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, академик
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

Хонандагон китоби Воҳидова Санавбарбону «Ёде аз Ҳинди бузург»-ро метавонанд дар Китобхона миллӣ мутолиа намоянд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд