Китоби нав. «Вожаҳои  калидии Чин»

Вожаҳои  калидии ЧинИн китоб ба тозагӣ чоп шуд ва тавассути тарҷумонаш ба Китобхонаи миллӣ ҳам расид. Тавре дар пешгуфтори китоб омадааст, «Вожаҳои  калидии Чин» бар пояи лоиҳаи «Вожаҳои  калидии Чин дар тарҷумаи бисёрзабона барои истифода дар паҳн намудани маълумот ба хориҷ» таҳия шудааст. Ин маҷмӯа қисми аввали силсилаи бисёрзабонаест, ки зери ҳамин ном фароҳам оварда шудааст.

Созмондиҳандагони иҷрои лоиҳаи муҳимми давлатии «Вожаҳои  калидии Чин дар тарҷумаи бисёрзабона барои истифода дар паҳн намудани маълумот ба хориҷ» Раёсати Чин оид ба нашриёт ва густариши адабиёт ба забонҳои хориҷӣ ва Институти тарҷумашиносии Чин мебошад.

Бар асоси омӯзиши консепсияҳои нав, ғояҳо ва стратегияҳои ҷадид, ки Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин бо сарвари Котиби Генералӣ Си Ҷинпин матраҳ кардааст, корҳое оид ба интихоб ва тартиб додани мақолаҳои муносибу мувофиқ бо забони чинӣ, ки баъдан онҳо бо забонҳои дигар низ тарҷума ва дар ВАО-и мухталиф, аз ҷумла нашрияҳои анъанавӣ, Интернет, шабакаҳои иҷтимоии мобилӣ ва ғайраҳо чоп шудаанд, анҷом гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, сари вақт роҳҳои мухталиф ва шаклҳои чоп истифода шудаанд. Ҳадафи лоиҳа кушода додани мафҳум ва муҳтавои консепсияҳои махсуси чинӣ, ғояҳо, дастуру нишондадаҳо ва ғайра, инчунин расонидани онҳо ба хонандаи хориҷ аз кишвар дар шаклҳои фарогир, дастрас ва осонфаҳм, то ки барои дарки комилу дақиқи роҳҳои рушди Чин ҳамаҷиҳата мадад намояд. Аз чандсад мақолаҳое, ки дар доираи ин лоиҳа тартиб дода шудаанд, бахше аз онҳо барои ин маҷмӯа интихоб шудаанд.

Нахустин  маҷмуа аз силсилаи  «Вожаҳои  калидии Чин» аз 5 боб иборат аст, ки дар шакли дузабона соли 2016 интишор ёфтааст.  Ба матнҳои чинӣ тарҷума бо яке аз 9 забон: англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, испанӣ, арабӣ, олмонӣ, португалӣ, ҷопонӣ ва куриёи замима мешавад.

Барои он ки дарк шавад, Чин чӣ гуна зиндагӣ дорад ва чӣ мегӯяд, бояд важаҳои калидии  он ва мафҳумҳояш хуб ва фаҳмо дарк шаванд. Ба ин мафҳумҳо сар фурӯ бурда, шумо барои худ оламеро бо номи «Чин» боз мекунед.

Тарҷумаи «Вожаҳои  калидии Чин» бори нахуст ба забони тоҷикӣ аз ҷониби дипломати маъруф – сардори шуъбаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухаммад Эгамзод тарҷума шуд, ки инак, пешкаши хонандагони арҷманд мегардад.

Хонандагон китоби  «Вожаҳои калидии Чин»-ро метавонед дар китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.