Китоби нав. З.Юсупов: “Қувваҳои сиклӣ ва дарозумрии масолеҳи конструксионӣ”
Дар ин дастури таълимӣ равандҳои физикии фарсудашавии қабатхои сатҳи металлҳои тоза ва масолеҳи конструксионӣ бо назардошти тағйир ёфтани басомади давраҳои боркунӣ дида баромада шудааст. Инчунин методикаи гузаронидан ва натиҷаҳои таҷрибавӣ, баҳодиҳӣ ва ҳисобкунии осеббинии сатҳӣ оварда шудааст. Муайян карда шудааст, ки алоқаи байни тағийрёбии микросохторҳо ва нишондодҳои хастагӣ, ки пештар маълум набуд доир ба онҳо маълумотҳо оварда шудаанд. Вобастагиҳои таҷрибавии нави ба даст овардашуда, имкон медиҳанд, ки мустаҳкамӣ ва дарозумрии ҷузъиётҳои мошин ва конструксияҳо пешгўи карда мешаванд.
Дастури мазкур барои донишҷуён, магистрантон, аспирантон, олимони соҳавӣ, муҳандисон, омўзгорони донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, мутахассисони соҳаи мошинасозӣ тавсия шудааст.
Дар кори пешниҳодшуда равандҳои физикии таъсири басомади боркунии сиклӣ аз нуқтаи назари осебпазирии сатҳи металлҳои соф ва масолеҳи конструксионӣ омўхта шудаанд. Вобастагии нави нишондиҳандаҳои муқовимати фарсоиши намунаҳо (ҷузъиётхо) ба даст оварда шудаанд, он имконияти муайянкунии устуворӣ ва пойдории масолеҳро медиҳад ва ба татбиқи таснифотҳои пешниҳодшудаи эффектҳои сатҳӣ асос карда шудааст, барои пешгӯии мустаҳкамӣ ва устувории қисмҳо ва конструксияҳои ҷузъиётҳои мошинҳо аз рўи осебгирии сатҳи онҳо истифода шудааст.
Хоҳишмандон китоби “Қувваҳои сиклӣ ва дарозумрии масолеҳи конструксионӣ»-ро метавонанд дар китобхонаи миллӣ бихонанд.
Гулчеҳра Махсудова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ.