Китоби нав: “Забон – ҳастии миллат”

Забон - ҳастии миллатИн китоб дарбаргирандаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии “Масъалаҳои мубрами луғатшиносии тоҷик: мушкилот ва дурнамо” мебошад, ки 22 декабри соли 2023 баргузор шуда ва фаврӣ дар шакли як китоби ҳаҷман бузург интишор ёфтааст. Ин ҳамоиш ба 80-солагии яке аз донишмандони маъруфи забон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳуснигул Талбакова, ки даҳсолаҳост дар ин ҷода заҳмат мекашад ва то кунун садҳо шогирдон ба камол расондаву даҳҳо нафари дигарро ба шоҳроҳи илм ҳидоят кардааст, бахшида шудааст.

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва мудири кафедраи забони адабии  муосири тоҷики ДМТ, дотсент Ҳамрохон Дӯстзода дар сарсухани худ ба ин китоб аз ҷумла навиштаанд:

Таърих борҳо собит намудааст, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассоси фаношавии арзишҳои милливу фарҳангӣ маҳз кордониву маърифати баланди занони худогоҳу худшинос ба кор рафтааст. Пас бояд тасдиқ намуд, ки зани тоҷик ҳамеша ба илму дониш арҷ мегузошт ва чунин муносибати некбинона имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ривоҷ пайдо намудааст. Ба таври дигар, дар ҷаҳони муосир, ки илму дониш рукни муҳими рушди ҷомеа, дастоварду зиндагии шоистаи ҳар як шахс маҳсуб меёбад, омӯзиши илмҳои гуногун барои ҳар як нафар, хосатан занҳои соҳибандеша, амри зарурӣ дониста мешавад. Бар замми ин, агар зан илмро чун машъали рахшони роҳи фардои миллат ба дигарон омӯзонидаву худ намоди ақлу дониш ва муҳаббату садоқати инсонӣ бошад, ба назари мо, самари чунин амал танҳо шукуфоиву пешрафти давлат ва таъмини ҳаёти арзанда барои насли оянда мебошад.

Ҳадаф аз руҷуъҳои ифтихорбарангези фавқ зикри зиндагинома ва фаъолияти илмии яке аз аввалин олимаҳои тоҷик дар риштаи забоншиносӣ, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳуснигул Талбакова мебошад. Модар ва олимаи тоҷик, ки тамоми умри пурбаракату пуршарафи худро танҳо ба як мақсад – тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити хонаводагӣ ва шогирдону донишандӯзон дар муҳити корӣ сипарӣ намудааст. Пас чаро аз кору пайкори ибратбахши чунин шахсияти фарҳангӣ нагӯем ва роҳи тайнамудаашро барои дигарон намунаи ибрат надонем?

Китоби “Забон – ҳастии миллат”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.