Китоби нав. Зариф  Ғулом: “Мори сафед”

Мори сафедИн китоб соли ҷорӣ чоп шудааст ва ношир дар бахши ошноӣ бо китоб овардааст, ки аслан дар таърихи адабиёт нависандае нест, ки ба навниҳолони боғи ҳаёт асар наофарида бошад.

Анъанаи ба хурдтаракон ва наврасон бахшидани асарҳои бадеӣ аз сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба мо нависандагон мерос мондааст. Пасон, адибони забардастамон Сотим Улуғзода ва Пўлод Толис бо истеъдоди нодири худ ин жанри адабиро ба пояи баланди маҳорат бардоштанд.

Дар маҷмўаи пешниҳодшуда нўҳ ҳикояю қиссаҳои адиб Зариф Ғулом гирд оварда шудааст, ки он ҳодисаю воқеаҳои ҳаёти хурдтаракон ва наврасонро дар бар мегирад. Адиб кўшиш намудааст, ки дар симои қаҳрамонони хурдсолаш овони кўдакию наврасии онҳоро баён намояд. Муаллиф азобу машаққат, ранҷу душвориҳои зиндагӣ, часпу талош ва ҳолати руҳии қаҳрамонҳояшро дар роҳи муқаррар намудани ҳастии худ бо забони содаву фасеҳ ва сабки равон ба риштаи тасвир кашидааст. Хонанда аз мутолиаи ин асар сабақи зиндагӣ ва дарси хештаншиносию худогоҳӣ меомўзад.

Боварӣ дорем, ки маҷмўаи мазкурро мутолиакунандаи равшанзамир хуш пазируфта, ба муаллифи асар барои офаридани асарҳои тоза ба тозаю пурмазмун комёбиҳои бештаре орзу менамояд.

Китоби “Мори сафед”-ро хонандагони азиз метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.