Китоби нав. “Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо”
Монографияи Илҳомҷон Ҳамидиён ва Фирдавси Низом нақш ва ҷойгоҳи интернетро дар шакл гирифтани афкори оммавӣ ва зарурати тақвияти пойгоҳҳои бузурги иттилоотӣ бо мақсади амалисозии сиёсати иттилоотӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ баррасӣ мекунад. Муаллифон кўшиш намуданд, ки ташаккул, мушкилот ва ояндаи журналистикаи интернитиро дар мамлакат баҳо дода , дар ин замина, пешниҳоди худро манзур созанд. Дар боби хосса ба масъалаи робита бо ҷомеа (PR) ва мухобироти сиёсӣ дахл мешавад.
Ин монография ҳамчун манбаи мукаммали иттилоотию таҳлилӣ ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Муаллифон дар муқаддима аз ҷумла овардаанд: Рушди технологияҳои ҷадиди иттилоотиву иртиботӣ, ки ба як ҷузъи муҳимтарини ҳайёти рўзмарраи башарият табдил ёфтааст, инсониятро дар рўбарўйи воқеиятҳои тасаввурнашаванда гузошт. Истифодаи босамари ин василаҳо дар муносибатҳои иттилоотии муосир сабаб шуд, ки таъсиргузории иттилоот ба равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бештар гардад.
Интернет, ки ҳамчун воситаи чаҳонигардидаву универсалии ирсоли маълумоту навигариҳо шинохта шудааст, барои амалӣ кардани ҳадафу мақсадҳои гуногуни алоқаманд ба иттилоъ нақши муҳим мебозад. Интернет дар назария ва амалияи низоми иттилоотии ҷаҳон шохаи наверо ба хусусиятҳои фарқкунанда ва имконоти фарохтари худ ба вуҷуд овард, ки онлайн-журналистика ва ё интернет-журналистика ном дорад. Оммавӣ шудани интернет дар кишвари мо низ шаклҳои гуногуни онлайн-журналистикаро ба шакл даровард. Шароити ҷаҳонишавӣ моро дар рўбарўйи раванду ҷараёнҳои навпайдои муносибатҳои иттилоотӣ қарор дод. Табиист, ки ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони муосир журналистикаи ватаниро ногузир ба ин раванди муносибатҳои нави иттилоотӣ шомил месозад. Ҳоло интернет василаи муҳимми табодули иттилоот буда, сомонаҳои махсуси интернетӣ чун расонаҳои онлайнӣ ва муҳтавои онҳо ҳамчун асари журналистӣ шинохта мешаванд, аммо дар ин хусус андешаҳо гуногун буда, ҳанўз хулосаи илмӣ бароварда нашудааст.
Корҳои таҳқиқотӣ метавонанд барои интегратсияи интернет бо воқеияти сиёсиву иҷтимоӣ ва қонуниятҳои журналистӣ дар сатҳи миллӣ мусоидат намуда, пешрафту такомули тадриҷии ин соҳаро таъмин созад.
Техналогияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ, на танҳо усулҳои дарҷ ва пахши иттилоотро тағир дода, балки вазифа, қонуният, тип, фарогирӣ ва принсипҳои журналистикаро дигаргун сохт. Равишу қолабҳои анъанавии журналистика, ки дар чорчўбаи муайян дарк карда мешуданд, ба қолабҳои наву тағйирёбанда мувофиқ карда шудаанд.
Дар журналистикаи тоҷик омўзиши илмии хусусиятҳои иттилоърасонии интернет ва равандҳои интернет-журналистикаи байналмилаӣ ва ватанӣ дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Қазоқистон дертар шуруъ шуд. То ҳол мавзуъҳои зиёде дар робита бо журналистикаи интернетии ватанӣ ноомўхта мондаанд. Яке аз сабабҳои меҳварии рушди дилхоҳ надоштани рўзноманигории онлайнӣ, дар сатҳи илмӣ таҳлил нагардидани дурнамои он ва аз паёмаду зарфиятҳои интернет огоҳ накардани ҷомеаи амалии журналистӣ мебошад.
Низоми ВАО-и муосирро бидуни интернет-журналистика тасаввур кардан душвор аст. Ин воситаи иттилоотрасонӣ тадриҷан мавқеъ пайдо карда, дар фазои иттилоотӣ ҷойи намоёнро ишғол намудааст. Рушди интернет-журналистика дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде рўбарўст. Ҳамчуинин ташаккул ва рушди интернет-журналистика талабот ва қонунмандиҳои наверо ба миён овард, ки омўзиш ва таҳқиқро мехоҳанд.
Мавриди қайд аст, ки интернет-журналистика ба таври умумӣ мавриди баррасиҳои илмӣ қарор гирифта бошад ҳам, шохаҳои алоҳидаи он ҳанўз мавриди омўзишҳои амиқу вусъатноки илмӣ қарор нагирифтааст.
Таҳқиқотҳои мукаммали илмие, ки фарогири тамоми самтҳо ва тамоюлҳои шаклан нав дар фазои иттилоотии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо ҳамбастагӣ ба интернет бошад, то ҳол мавҷуд нест. Чандин кори диссертатсионӣ дар ин замина таълиф шуда, ҳамчунин дар чандин диссертатсияҳои дигар мавзўъи Интернет-журналистикаи ватанӣ аз ягон ҷиҳат таҳқиқ гардидааст. Аммо онҳо бештар расонаҳои интернетии рўсиро таҳлил намудаанд.
Пажўҳиши журналистикаи интернетӣ нишон дод, ки шохаҳои алоҳидаи он, монанди журналистикаи чандрасонаӣ, қонуниятҳои журналистӣ дар шароити муносибатҳои нави иттилоотӣ, журналистикаи таҳлилӣ (дата-журналистика), ҳолат ва дурнамои журналистикаи интернетӣ дар минтақаҳои кишвар ва шаклҳои нави реклама дар журналистикаи интернетӣ, аллакай дар мисоли муҳити расонаии Тоҷикистон арзиши илмӣ пайдо кардаанд. Доир ба ин шаклҳо пажўҳои илмию оммавӣ сурат гирифта бошад ҳам, дараҷаи таҳқиқ ва шеваи нигориши онҳо мухталиф аст.
Китоби Илҳомҷон Ҳамидиён ва Фирдавси Низом “Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шаҳодат ДАВЛАТОВА.