Китоби нав. Зиг Зиглар: “То вохӯрӣ дар қулла”
Инак, баъди интизориҳои зиёд китоби Зиг Зиглар “То вохӯрӣ дар қулла” чоп шуд. То ин дам ин ҷониб хеле чизҳо тарҷума кардаам, вале аксаран барои таъмини василаи зиндагӣ буд. Инҳо рисолаҳои номзадиву доктории олимони муҳтарам, мақолаҳо барои газетаву маҷаллаҳо ва ғайра буд, ки барои ман ҳеч фоидае ҷуз манфиати молӣ надоштанд. Аммо китоби Зиг Зигларро ман мустақилона бо шавқи беандоза тарҷума кардам ва шодам, ки ҳоло қисми аввали онро дар даст дорам.
Зиг Зиглар — нависанда, суханвар ва мутахассиси варзидаи армикоӣ дар самти тиҷорати шабакавист. Вай ҳамчунин бунёдгузор ва раиси ширкати хеле машҳури «Zig Ziglar» буд. Китобҳои ӯ серфурӯштарин китобҳои соҳавӣ дар Амрико ва дигар нукоти оламанд. Ҳар чизе чоп мекард, ҳамон замон харида мешуд, хонандаи зиёд дошту имрӯз ҳам дорад. Шеваи кори вай, ки назарияро бо амалия ба ҳам меомезад, аз ҷумлаи шеваҳоест, ки омӯхта мешаванд. Замоне, ки зинда буд, дар конфронсу семинарҳои омӯзишии сатҳи баланд даъват мекарданд, суханашро мешуниданд, аз маслиҳату машваратҳояш баҳра мебурданд.
Чунин инсоне инак бештар аз 11 сол аст, ки дар оғӯши хок хуфта, вале таълимоту назарияҳои вай ҳамоно дастури амал барои касонест, ки мехоҳанд ҳам худро бисозанд ва ҳам тиҷорату корхонаҳои худро сари по кунанд.
Зиг Зиглар фалсафаи басо рушанеро талқин мекунад. Ӯ мегӯяд шумо замоне муваффақ хоҳед шуд, агар ба дигарон низ ёрӣ расонед, ки муваффақ шаванд.
Зиг Зиглар 16 ноябри соли 1926 дар Алабамои ИМА дар хонаводаи марди серфарзанд дида ба олам кушодааст. Худи ӯ 12-умин фарзанди ин хонадон буд ва ҳанӯз панҷ сол дошт, ки бо аҳли хонадон ба Миссисипи, ба шаҳри Язу кӯч баст. Ин замоне буд, ки падари хонадон бар асари сактаи қалбӣ тарки олам кард ва модарро лозим омад тани танҳо машаққати тарбияи фарзандонро бар дӯш бигирад. Дар китобе, ки рӯи даст доред, Зиг Зиглар як боби муҳимро ба хонадони худ ихтисос додаву аз модараш ба некӣ ёд мекунад. Чизе, ки ба хотири кас нақш мебандад, эътиқоди модар, имонаш ба Офаридгор ва бовараш ба рӯзи ҷазо буд.
Солҳои ҷанг Зиг Зиглар дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвараш хидмати аскарӣ кардааст, коллеҷро ҳам хат намудааст. Соли 1946, яъне баъди анҷоми ҷанг издивоҷ кардааст ва чун фурӯшанда ба кор даромадаву тадриҷан вориди майдони мушкилоти зиндагӣ шудааст. Суханро дароз намекунам, чун дар ин китоб хеле муфассал ва ҷолиб дар бораи ҳам ишқи ҷавонӣ ва ҳам мушкилоти хонаводагиву тарбияи фарзандон ва расидан ба қуллаҳои комёбӣ нақл кардааст.
Дар тӯли умр Зиг Зиглар 25 китоб навиштааст, ки мавзӯъи аслии онҳо фурӯш, комёбӣ, пешвоӣ, рушди шахсӣ, эътиқод, масеҳият ва ғайраанд. Аз ин 25 китоб 10 китоб аз пурфурӯштарин китобҳо буданд, ки борҳо бо теъдоди зиёд чоп ва фурӯхта шудаанд.
Вай ҳамзамон ширкати «Zig Ziglar»-ро боз кард ва он имрӯз низ фаъол аст, ба одамон роҳу равиши зистан дар ҳар гуна ҷомеаи башариро меомӯзад. Муҳимтарин нукта дар китобҳо ва таълимоти Зиглар ин эътиқод ба Худованд ва боварӣ ба неруи худ аст. Зиг Зиглар аз ҳама воситаҳои мумкин барои дар дастрасии умум қарор гирифтани назарияҳои худ: лексияҳо, мақолаву китобҳо ва сабтҳои аудиоӣ истифода мекард. Шеваҳои омӯзишии ӯ ва маводҳои омӯзишиашро ба беш аз 40 забони олам тарҷумаву интишор додаанд. Бузургтарин ширкатҳои тавлидии ҷаҳон ниёзи фаровон ба назарияҳои Зиг Зиглар доранд.
Дар Тоҷикистон ба забони модарии мо ин аввалин талоши ошноӣ бо Зиг Зиглар ва назарияи ӯст. Мо низ яке аз пурхонандатарин китобҳои ӯро интихоб кардем. Ин китоб беҳтарин дастури худсозист. Шарт нест, ки хонандаи он кист:тоҷир ё истеҳсолгари мол. Ин китоб ба ҳар инсон каромати инсониро меомӯзад ва роҳеро нишон медиҳад, ки чӣ гуна бояд комёб шуд. Ва такрор мекунам: фалсафаи Зиглар танҳо ба тиҷорату фурӯш равона нашудааст, он раҳнамоест ба ҳар нафаре, ки мехоҳад ояндаи худро бисозад.
Хонандагони гиромӣ метавоннад ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Бобоҷон ШАФЕЪ