Китоби нав. Зиё Абдулло: «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна»

Нигоҳи вожгуна Адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, дорандаи «Ифтихорнома»-и Шўрои Олии Тоҷикистон  Зиё Абдулло чанд нусха аз китоби нави худ «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна»-ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

Ин китоб шарҳи илмӣ ва фалсафии «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ буда, достонҳои онро аз нигоҳи нави равоншиносона ба таҳлил мегирад ва сабабҳои ниҳонии бархўрдҳои қаҳрамонон, рамзҳо ва тамсилҳои онро мекушояд. Чунин ошкорсозии андешаҳои пўшидаи ҳаким Фирдавсиро бори аввал дар ин шарҳ хоҳед ёфт, зеро ҳеч шоҳномашиносе то имрўз дар кушоиши он аз ин нигоҳ накўшида буд. Домани баҳсаш бо «Шоҳнома»-шиносони ҷаҳон низ кушодааст.

Китоби «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна»-и ӯ бо чунин суханон оғоз гардидааст: «Аз навиштаҳо дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў он чӣдастрасам шуд, ба назарам чунин омад, ки онҳо гирди пайкари зиндагии ҳаким ва «Шоҳнома» гаштаанд, агарчи онҳо низ чандон рўшан нестанд. Аммо ба руҳи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў равоншиносона хазидан хеле кам метофт. Албатта, ба ҷуз авастошиносон. Инон, миёни дарёи сухани Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ Салмон… калимаҳои аз «Авасто» истифодабурдаи онҳоро ёфта, шарҳи фарҳангӣ додаанд, ки кори саҳле нест. Чӣ гуна шарҳ?

Барои мисол: Яшт:Дар «Авасто» йашти ҳамреша ва ҳаммаънои «Йасна» («Ясна» – ситоишу ниёишу парастиш) – «йаштар» аз ҳамин модда ба маънии намозгузору ниёишгару парастанда аст ва вожаи «ҷашн»-ро дар форсӣ аз ҳамин бунёд дорем… Камина бо «Шоҳнома» аз соли 1964 ошноӣ дорам ва то имрўз борҳо хондаам ва эътибор ба розҳои он давоми ба такрор хонданҳо ҳосил шудааст. Таваҷҷуҳ ба сухани Фирдавсӣ якумрист, зеро асрори нокушуда ҳанўз таҳ ба таҳ хобанд, розҳое, ки тарҷумонҳои он дар кушоданашон ҳанўз роҳ меҷўянд ва дар пўшидаҳояш изҳори ҳайрат мекунанд. Ба ин хотир мо ҳам назарҳое аз худ додаем то ба розкушоии «Шоҳнома», агарчи зарраест, кумаке расонад».

Ҳамзамон, нависанда хонандагонро дар ин китоб бо пораҳое аз китоби донишманди амрикоӣ Фредерик Старр – «Маърифати гумшуда» ошно менамояд, ки ба андешаи ў, ба ин хотир аст, ки баъзе далелҳои он на танҳо аз нигоҳи зиёии одӣ, балки аз дастрасии олимони мо ҳам пўшида будаанд.

Хонандагони азиз метаовнанд бо китоби нави Зиё Абдулло «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна» дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.