Китоби нав. Зиёдулло Шаҳидӣ: «Мусиқӣ дар ҳаёти ман»

МусикиИн китоб ба тозагӣ интишор ёфт ва зиндаёд Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҳаёти худ, аз дирӯзу имрӯзи мусиқии тоҷикӣ ҳикоят мекунад. Толиб Шаҳидӣ, фарзанди номвари Зиёдулло Шаҳидӣ, ки давомдиҳандаи касби падар аст, дар сарсухани китоб менависад:

Зиндагӣ ҷараёни худро дорад. Одатан фарзанд соҳиби мероси падар мешавад. Зеро касе наметавонад чизеро ба худ ба дунёи фонӣ бибарад. Яке аз фарзандон соҳиби хонаву ҳавлии падар мегардад, насиби дигаре мошину пулу мол мешавад. Онҳое низ ҳастанд, ки танҳо бо меҳнати худ ояндаашонро бино мекунанд.

Хушбахтам аз он, ки дар як давраи нағз ба воя расидам. Дар он замон маънавият нисбат ба ҳамаи боигариҳои моддӣ болотар буд. Падарам ба ман беҳтарин туҳфае гузошт. Ҳоло дар қайди ҳаёт буданашон чизеро ба ман дод, ки ба қавли Фирдавсии бузург «аз боду борон наёбад газанд». Ин ҳадяи пурқиммат – касби волояш, илҳоми саршор аз оҳангу навои дилошӯб, муҳҳаббат ба эҷоди халқ, меҳри беандоза ба навоҳои беназири Ватани азизам буд. Хеле хушҳолам, ки ин боигариро дорам. Ӯ бароям беҳтарин устод ва оҳангсози номӣ буд, ки дар тамоми гӯшаву канори сарзаминам ва берун аз он шӯҳрат дошт ва то имрӯз дар дили ҳазорҳо мухлису пайравонаш ҷой гирифт. Мероси эҷодии падарам худ беҳтарин сарчашмаи илҳоми ман аст.

Дар хурдсолӣ падарам шавқи маро ба мусиқӣ пай бурда, хеле хавотир шуда ва гуфт, ки ин кори осон нест ва меҳнати зиёдро талаб мекунад. Вале минбаъд қадамҳои нахустини маро дар навиштани порчаҳои мусиқӣ дида, хеле хурсанд шуд ва гуфт: «акнун ман давомдиҳандаи касбам ва дастгири беминнати худро дорам.»

Пас аз хатми консерваторияи ба номи Чайковский ҳамкории ман ба падар оғоз ёфт ва чанд асари бузурги симфонии эшон ба дастгирии ман бо падар оғоз ёфт ва чанд асари бузурги симфонии эшон бо дастгирии ман навишта шуд. Ин асарҳо бо оркестрҳои гуногуни ҷаҳон иҷро ва сабт шуданд…

Хонандагони азиз китоби Зиёдулло Шаҳидӣ “Мусиқӣ дар ҳаёти ман”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд. 

Фарзона Шарифова,

мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.