Китоби наве, ки Китобхонаи миллӣ нашр кард. «Таърихи Бухоро, Хӯқанд ва Қошғар»

Таърихи-БухороИн китоб бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба чоп тавсия шуда, ҳамагӣ чанд рӯз пеш нашр шуд. Китоб таълифи Мирзошамси Бухороӣ буда, зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода рӯи чоп дидааст ва дар таҳияи он Рамзӣ Ҷӯрақулов, Шуҷоъ Ҳошимов, Маҳмадвалӣ Зиёев, Ҳаётулло Муҷебуллоев саҳм гирифтанд.

Донишманди тоҷик Ҷонибеки Асрориён муҳаррири масъули китоб буда, профессор Сайфулло Муллоҷонов ба он тақриз навиштааст.
Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки шаҳри Бухоро, Хӯқанд ва Қошғар, ки дар таърих ва адаб аз онҳо бо ифтихор ёд шудааст, аз ҷумлаи шаҳрҳои боҳуввият ва ҳодисасози шарқи исломӣ аст, ки дар дарознои таърихи сарбаланди худ фарозу нишебиҳои гуногунро дида, пазируфтааст.

Пазириши ислом аз сӯйи мардуми ин замин, ки имрӯз аз он ба номи Осиёи Марказӣ ёд мекунанд, оғозгари низоми навине шуд, ки ба тадриҷ ба ҳиммати дониши мардони ин сарзаминҳо шукуфо гардида, асоси тамаддуни ҷадиде шуд. Мусалмонҳои ин ноҳия дар солҳои нахустини исломӣ, дар заминаҳои фарҳангӣ ва илмӣ хидматҳои арзандае ба императории ислом ва фарҳангу тамаддуни ислом кардаанд ва ҳам ба василаи ҳукумати исломӣ, фарҳангу тамаддун, андешаи илмӣ ва адабии худро то шаҳрҳои дур пеш бурдаанд, то он ҷое, ки ҳатто дастгоҳи хилофат низ ба дасти ин мардум ранги эронӣ гирифт.
Сахтгириҳои омилони вобаста ба дастгоҳи хилофат дар сарзаминҳои Маваронуннаҳру Хуросон эрониёнро ноумеду нигарон кард. Онҳо ногузир ба шаклҳои гуногун ба мухолифту пойдорӣ дар бораи хулафои Аббосӣ бархостанд ва дар Эрони шарқӣ, ки аз маркази хилофат дур буд, ҷунбишҳои фикрӣ ва истиқлолхоҳиро барпо доштанд. Ҳарчанд ки қиёмҳои онон нофарҷом монд, лекин пояи имони мардумро нисбат ба қудрати арабҳо суст гардонида, муҷиби бедории ҳисси миллатоҳӣ дар Эрони шарқӣ гардид. Сардорони озоди эронӣ барои эҳёи истиқлоли сиёсии Эрон даст аз талошу кӯшиш бар надоштанд. Марде, ки зудтар аз дигарон аз истиқлол сухан кард, Тоҳир Пушанҷӣ маъруф ба Зулямин яке аз сардорони хилифа Маъмун, халифаи Аббосӣ буд.   Тоҳири Пушанҷӣ, ки аз сӯйи халифа вилояти Хуросонро дар соли 821 ба унвони подшоҳ дарёфт карда буд,  бо ҳазфи номи халифа Маъмун аз хутбаи намози одина нахустин парчами истиқлолро пас аз ду қарни сукут дар таърихи Эрон барафрошт. Дар охирин солҳои фармонравоии Тоҳириён, дар миёни эрониён руҳи меҳанпарастӣ ва таваҷҷуҳ ба ифтихороти гузаштаи ниёгон авҷ гирифта, шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва Систон ба иллати дурӣ аз маркази хилофат ба қалъаи устувор ва маркази муборизаҳои сиёсиву фарҳангӣ дар баробари хулафои араб мубаддал гардид…
Хонандагони азиз метавонанд китоби «Таърихи Бухоро, Хӯқанд ва Қошғар»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

 Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.