Китоби нави «Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии Абурайҳон Берунӣ” ва сарсухани профессор Муллоҷонов ба он

Абурайҳон БерунӣМуаллифони ин рисолаи арзишманди пажӯҳишӣ профессор Абдураҳим Холиқзода ва олими ҷавон Нурмуҳаммад Холиқов буда, ба тозагӣ дар нашриёти “ЭР-граф” ба чоп расидааст. Дар ин рисола муаллифон андешаи сиёсӣ ва ҳуқуқии донишманди тавоно Абурайҳони Беруниро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.

Дар китоб масъалаҳои пайдоиш, инкишоф ва ташаккулёбии ҳуқуқ ва механизмҳои  эътироф, кафолат ва ҳимояи  ҳуқуқи инсон ва сохти идоракунии давлатдорӣ, аз дидгоҳи Абурайҳон Берунӣ мавриди барррасӣ қарор гирифтаанд.

Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор  Сайфуллоҳи Муллоҷон бо номи “Сиёсат ва ҳуқуқ аз манзари Абурайҳон Берунӣ” сарсухан навиштааст, ки онро комил меорем.

“СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚ АЗ МАНЗАРИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ”

Бузургтарин донишманди асримиёнагии ҳавзаи тамаддуни форсу тоҷик, фарзанди баруманди Хоразм, Абурайҳони Берунӣ дар ҳамаи заминаҳои улум изҳори назар карда, барҳақ ҳамчун донишманди энсиклопедист эътироф гардидааст. Аз ҷумла, дар ду масъалаи хеле муҳиму бо ҳам муртабит – сиёсат ва ҳуқуқ низ андешаҳое баён карда, ки гувоҳ аз табаҳҳуру тасаллути комили ӯст. Аввалан ӯ як донишманди мусулмон аст, ки дар аҳди ба истилоҳ «реннесанси мусулмонӣ» зиста, аз ин давраи пурбор илҳом гирифтааст. Сониян, Берунӣ парвардаи муҳити фарҳангхези тамаддуни тоҷик буда, ҳувият ва огоҳии баланди миллӣ дорад, ки онро дар баҳсҳои ӯ бо намояндагони мутаассибу арабгарои асрҳои 10-11 метавон мушоҳида кард. Савум, равиши таҳкиқи Берунӣ таҷрибӣ ва илмӣ буда, садҳо сол қабл аз аврупоиён ӯ ба ҳақоиқе даст ёфт, ки то кунун аҳамияту ҷойгоҳи худро ҳифз кардааст. Чорум, Берунӣ дар замоне умр ба сар бурд, ки давлати як замон тавонову воҳиди мусулмонӣ ба бахшҳо қисмат гашта, ҷомеаи мусулмонӣ низ дар оғози  уфтодан ба як марҳилаи тулонии заволу парешонӣ ва қишргароиву таассуб қарор дошт.

Берунӣ парвардаву баркашидаи замони Сомониён аст. Ӯ дар яке аз бузургтарин ва қадимтарин музофотҳои Ориёнои куҳан-Хоразм чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ муҳити ин замон таъсири босазо гузоштааст. Ӯ муаллифи беш аз 180 рисолаву китоб буда, танҳо панҷяки он то замони мо расидааст, ки гувоҳи умқи андешаву орои ин мутафаккири бузург аст. Абурайҳони Берунӣ дар улуме чун риёзӣ, нуҷум, ҷуғрофиё, коншиносӣ, табииёт, гиёҳшиносӣ, таърих, адабиёт, фалсафа, дин даст дошта, осори арзишманд дар ин заминаҳо таълиф кардааст.

Ниёзҳои рӯзгор ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ӯро водор ба таълифи матолибе дар заминаи сиёсат ва ҳуқуқ кардааст. Ӯ роҷеъ ба мавзуҳои муҳиме чун зарурат ва маншаи ҷомеаи маданӣ, зарурат ва моҳияти давлат, синфҳову табақоти иҷтимоӣ, анвои давлат, авомили машруияти давлат, сифоти ҳокимон авомили суботу бақои ҳукумат изҳори назар кардааст. Берунӣ пас аз таҳқиқу таълиф ба натиҷае меояд, ки он раванди тадриҷӣ расидан аз ҷомеаи табиӣ ба ҷомеаи маданиро паймуда, омили ангезишу ҳаракат на ҳуббу буғз ё ривоҷу хавф, балки ризо ва таслим бошад. Ӯ қонунро ҳамчун танзимгари ҳаёти инсонҳо ва қобили радёбӣ дониста, такомул ва иҷрои бечуну чарои онро мояи саодати инсонҳо мешуморад.

Дар навиштаи донишманди тоҷик, профессор Абдураҳим Холиқзода, ки беш аз сӣ сол дар ду арсаи хеле муҳими рӯзгори мо – илм ва давлатдорӣ фаъолияти босамар доштааст ва муҳаққиқи ҷавон Нурмуҳаммад Холиқов сайре ба ташаккули орову андешаи сиёсӣ ва ҳуқуқии бузургтарин донишманди Шарқ Абурайҳони Берунӣ сурат гирифтааст, ки арзиши баланди илмӣ дорад. Зеро мо тоҷикон ҳарчанд даҳсолаҳост, ки аз мансубияти Берунӣ ба таъриху тамаддуни тоҷик  сухан ба миён меорем, вале то кунун дар заминаи шинохту муаррифии ӯ барои ҳамватанони худ бо забони тоҷикӣ кори қобили ситоиш накардем.

Муаллифони ин навишта нахуст ба масъалаи назария ва методологияи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии олам ва ҷойгоҳи он дар андешаи Абурайҳони Берунӣ пардохтаанд. Сипас орои Абурайҳони Берунӣ дар бораи давлатро ба баҳсу баррасӣ кашида, авомили таъсиргузори андешаи ӯро низ дар мисоли асарҳои «Осору-л- боқия» ва «Молу-л-Ҳинд» таҳлил кардаанд. Дар асар бо таваҷҷуҳ ба шароит ва таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии асри Берунӣ ва дидгоҳҳои ҳастишинохтии вай ба баррасии суолҳое чун ниёзҳои дарунӣ ва берунии инсон, низоми сиёсӣ ва ғояти низоми сиёсии  мавриди  назари Берунӣ пардохтаанд. Тавре маълум аст, Берунӣ танҳо ба назарияҳои кишварҳои шарқӣ иктифо накарда, пас аз ошноии  амиқ бо назарияҳои шарқу ғарб афкори худро ёфтааст. Дар қисматҳои хотимавии асар андешаҳои Берунӣ перомуни ҳуқуқ ва донишхои ҳуқуқии Юнону Ҳинд мавриди нақду баррасӣ қарор гирифта, он бо низоми ҳуқуқии мардумони форсу араб қиёс мешавад. Муаллифони ин навишта таъкид мекунанд, ки давлатҳое, ки дорои сифати адолати нисбӣ бошанд ва дар пайи таъмини амнияту осоиши мардум аз нигоҳи Берунӣ машруият доранд. Моҳияти низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз манзари Абурайҳон Берунӣ мубтанӣ бар шоистасолорӣ аст. Наҷоту гумроҳии ҳар ҷомеа ба амалкарди нухбагони он вобастагӣ дорад ва натиҷагириву манзури ин навишта ҳам ҷуз ин нест, ки агар ҷомеа ба дасти фарзонагону фарҳехтагон идора шавад, тафоҳум, сулҳ ва амнияти мардум фароҳам меояд.

Умед аст, ки ин навишта оғози пажӯҳишҳои нав дар шинохту арҷгузорӣ ва шахсият ва андешаҳои волои донишманди забардасти асримиёнагӣ Абурайҳони Берунӣ гардад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих, профессор.

Хонандагони азиз китоби «Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии  Абурайҳони Берунӣ»-ро дар Китобҳонаи милли метавонед мутолиа намоед.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардони фонд