Китоби Синдбоди ҳаким

Синдбод“Китоби Синдбони ҳаким” соли  2009 дар нашриёти “Маориф ва фарҳанг” чоп шудааст. Ва гуфта шудааст, ки он дар заминаи матни «Синдбобнома-и Заҳирӣ, бо пешгуфтору тавзеҳот ва танзиму таҳрири Ҷумъабой Азизқулов ба чоп расидааст.

Донишманди маъруфти тоҷик Ҷумъабой Азизқулов як сарсухани басо муфассале навишта ва таърихи рӯи кор омадани ин китоб ва умуман кори тарҷумаи осори ҷаҳониён ба форсиро мавриди барарсӣ қарор додааст. Вай аз ҷумла навиштааст:

Китоби  Синдбоди  ҳаким яке  аз  шоҳкориҳои адабиёти қадими  халқҳои эронист, ки дар давраҳои  мухталифи  адабиёти мо бо номҳои «Китоби Синдбод» «Синдбоднома»,  «Вузарои  саъба» «Ҳафт» вазир» ва «Китоби макруннисо» «(Китоби макри занон») шўҳрат ёфтааст. Тибқи мадракҳои таърихӣ қадимтарин ривояти ин асар дар аҳди Ашкониён (ҳукмронии ин сулола солҳои 250-и то милод  ва 224-и милодӣ) тааллуқ дорад, ки дар ин бора адиб ва китобшиноси араб Ибни Надими Бағдодӣ (ваф.1000) дар ал-Феҳрист»-и худ хабар додааст. Ҳамчунин  Ибни Надим дар ҳамин асар 70  китобро  номбар кардааст, ки аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, дар асри 10 асли паҳлавӣ ва тарҷумаи арабии ҳамаи онҳо мавҷуд будааст.

Замони ҳукумати шоҳони Сосонӣ, ки 427 сол давом кардааст, аз дурахшонтарин давраҳои таърихи мардуми эронӣ ба ҳисоб меравад. Дар аҳди салтанати ин сулола фарҳанг, хусусан адабиёти нафиса, ривоҷи тамом дошт. Махсусан дар солҳои подшоҳии Хисрави Анўшервон (531-579) робитаи адабиву илмӣ бо Ҳинду Чин ва Руму Юнон пойдор гардида буд, ки барои пешрафти адабиёт ва дигар соҳаҳои фарҳанг нақши муҳим дошт. Миқдори зиёди осори илмиву адабӣ аз кишварҳои номбурда ба Эрон оварда шуда, ба забони паҳлавӣ, ки забони адабии аҳди сосонӣ буд, тарҷума гардидааст, ки дар ин миён адабиёти қадими Ҳиндустон мавқеи махсус дошт. Осори илмиву адабие, ки аз кишварҳои гуногун ба Эрони сосонӣ оварда мешуданд, бо роҳҳои гуногун сурат мебастанд. Масалан, тарзи ба даст оварда шудани китоби машҳури «Калила ва Димна» воқеаи аҷибе дорад, ки тафсилоташ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст («Шоҳнома» Нашриёти «Ирфон», д.ҷ.8, 1966, саҳ 352-364). Тарҷумаи ин гуна асарҳо, аз як тараф, хазинаи адабиёти моро пурра карда бошад, аз ҷониби дигар, барои вуҷуд омадани  асарҳои бадеии тоза василае гардидааст.

Истилои араб давлати мутамаддини Сосониёнро, ки охирин тоҷдораш Яздигурди савум буд аз байн бурда, бо ҳамин ба равнақи адабиёти паҳлавӣ хотима гузошт. Истилои араб эҳтимоли он дошт, ки ганҷинаи адабиёти дар тўли солҳо фароҳам омада ба боди фано равад. Аммо ҳушмандтарин фарзандони фарҳангофарини эронӣ роҳи пойдор гардонидани мероси гаронмояи аҷдоди худро пайдо карданд. Ин роҳ ба забони ҳукмрони даврабандӣ гардонда шудани он осор буд, ки дар мавқеъ ба воситаи тарҷумаҳои арабӣ қисме аз он асарҳо машҳури олам гардидаанд, аз ҷумла, достонҳои «Ҳазор афсона» (мабдаи «Ҳазору як шаб»-и ҳозира) ва ҳамин «Китоби Синдбод».

Таърих номи пуршарафи миқдоре аз тарҷумонҳои осори паҳлавиро то ба рўзгори мо расондааст, ки дар роҳи боқӣ доштани мероси илмиву адабии аҷдоди худ хидмати шоистае кардааанд. Ин абармардон Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, Навбахт ва писараш Фазл, бародарон Мусои Холид ва Юсуфӣ Холид, Абулҳасани Алӣ ибни Зиёди Тамимӣ, Ҳасан ибни Саҳл, Абўҷаъфари Аҳмад ибни Яҳёи Балодурӣ, Исҳоқ ибни Язид, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, Ҷибиллат ибни Солим, Муҳаммад ибни Ҷаҳими Бармакӣ, Ҳашом ибни Қосим, Мусо ибни Исои Курдӣ, Зодвеҳ писари Шоҳвеҳи Исфаҳонӣ, Муҳаммад ибни Зодвеҳ, Баҳром писари Мардоншоҳи Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Баҳром ибни Матёри Исфаҳонӣ, Умар ибни Фаррухон ва дигаронанд. Инҳо ҳама эронинажод буда, баъди ислом овардан таркиби номашон таъғир ёфтаааст. Масалан номи аслии эронии Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ Рўзбеҳи Додвеҳ, яъне писари Додвеҳ будаааст. Ин ҷавонмарди ҷасур, ки дар синни 36-солагӣ ба дасти зимомдорони араб бо тўҳмати хиёнат ба дини ислом ваҳшиёна кушта шудааст, бо таълифоту тарҷумаҳои сершумораш дар адабиёти араб хидмати бебаҳое кардааст ва муаррихони адабиёти араб ба ҳайси асосгузори сабки нигориши тоза дар насри арабӣ эътирофаш кардааанд.

“Китоби Синдбоди ҳаким” – ро шумо хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед. Нусхае аз ин китоби арзишманд ва хеле шавқовар дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ низ  мавҷуд аст.

Таҳияи Рисолаш ШЕРАЛИЕВА,

мутахасиси пешбари шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.