Китоби V-уми “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ

«Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» китобест, ки Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чоп кардааст. Китоби мазкур  мутобиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 аз ҷониби Шӯрои илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар нашриётиИрфон соли 2013 ба чоп тавсия шуда, 238 саҳифаро дар бар мегирад.

Китоби мазкур аз пешгуфтор ва  5 фасл иборат буда, 22 мақоларо дар бар мегирад. Фасли якум аз 12 мақола; фасли дуюм аз 3 мақола; фасли сеюм аз 4 мақола; фасли чорум аз 2 тақриз ва фасли панҷум аз 1 гузориш иборат аст. Дар пешгуфтори маҷмуа С. Шосаидов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент  аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан оғоз намуда, дар бораи вазифаҳои муҳими таҳқиқи проблемаҳои назариявии китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ватанӣ изҳори назар мекунад. Муаллиф иброз медорад, ки маҳаки интихоби мақолаҳо дар маҷмуа муҳимияти мавзӯи мавриди таҳқиқ барои рушди минбаъдаи назария ва амалияи китобдорӣ буда, дар дохили ҳар фасл мақолаҳо тибқи алифбои муаллифон ҷо ба ҷо гузошта шудааст, ки маҷмуаи мазкур дар  пайдарҳамиву муттасилияти чоп дар даврони соҳибистиқлолӣ дар риштаи китобдорӣ хеле  беназир аст.

Собиқ директори Китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар марҳум Қ.А. Афғонов  дар фасли “Китобхонашиносӣ дар мақолаи “Таълиму тарбияи китобдорон дар дохил ва хориҷи кишвар”масъалаҳои истифодабарӣ аз захираҳои иттилоотии калонтарин маркази китобдории кишвар- Китобхонаи миллии Тоҷикистон, проблемаҳои марбут ба вижагиҳои захираи иттилоотӣ, роҳҳои дастёбӣ ба онҳо, мушкилоту имкониятҳои таҳсилоти китобдорӣ дар мамлакат барои таълиму тарбияи китобдорон дар дохил ва хориҷи кишварро барарсӣ кардааст.

Дар мақола аз ҷумла омадааст: ”Китобу китобхона пайвандгари тавонову ногусастании наслҳову замонҳо маҳсуб ёфта, иқтидору неруи ҳар миллат дар саҳифаҳои он ҷойгиранд. Маҳз тавассути  китобу китобхона  бузургӣ, бойигарӣ ва илму фарҳанги ғании ҳар миллат аз насл ба насл мегузараду ҳамин китоб насли навинро бо фарзонафарзандони миллат ошно менамояд”…

Шариф  Комилзода- номзади илмҳои педагогӣ, дотсент  дар мақолаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва истифодабарии он”  аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон оғоз мекунад, ки фармудаанд: “Китобхонаи нав ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанг ва ҷамъовариву нигаҳдорӣ ва тарғиби маҷмӯи аснод бо истифода аз имкониятҳои электронӣ, савтӣ ва дастёбӣ ба захираҳои шабакаи ҷаҳонии интернет тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад”.

Ҳамчуноне медонем,  4 сентябри соли 2007  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали сохтмони бинои нави Китобхонаи миллиро гузоштанд ва ҳамон рӯзро Рӯзи китобэълон намуданд, ки ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Бино 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст.

Муаллифи мақола инчунин қайд мекунад, ки ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк метавонад истифодабарандаи Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шавад. Ба ҳайси истифодабарандаи маҷозӣ ҳар шаҳрванди ҷаҳон низ аз ин ҳуқуқҳо бархӯрдор аст.

Сафар  Шосаидов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент  дар  мақолаи “Монеаҳои раванди хониш:Таснифоти омилҳо навиштааст, ки :имрӯз ворисони “мамлакат аз ҳама бештар китобхон” аз ҷумла Русия, ҷумҳурии назди Балтик, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо шеваҳои гуногун аз заъиф шудани ҷараёни хониш шикоят мекунанд. Аҷиб он аст, ки “гунаҳкор”-и асосӣ дар аксарияти он шиква ва шикоятҳо китобдору китобхона аст. Аммо агар бо таваҷҷуҳ ба умқи проблема назар афканем, воқеият тамоман дигар аст… Қаблан бояд зикр намуд, ки мафҳуми хониш ҳамеша дар рушд ва тағйирёбӣ қарор дорад”…

Холов Б., номзади илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ва Маҳмудов Г., китобшинос, библиографияшинос, китобхонашинос, номзади илмҳои педагогика, дотсент дар менависад, ки факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар сохтори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода мақоми хоса дошта, зиёда аз 40 сол инҷониб дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ нақши созанда дорад. Факулта дар ҷумҳурӣ ягона буд, имконияти омӯхтани таҷрибаи дигарон маҳдуд буд, омӯзгорони ботаҷриба намерасиданд, адабиёти дарсӣ камёб буд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда , факулта соли 1971 аввалин мутахассисонро бо ихтисоси  китобдор-библиограф  китобхонаҳои илмӣ –оммавӣ ба кор гуселонид. Ин ба талаботи ҳамонвақта мутобиқ буд. Зеро аксари китобхонаҳои  ҳамонвақта илмӣ – оммавӣ  буданд….

Дар фасли сеюм “Чеҳранигорӣ”шодравон Қ.Б.Буриев, номзади илмҳои таърих, собиқ директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мақолаи ”Китобдӯсту китобофар” қайд намудааст, ки табиист дар пешравии ҳар як миллат тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозад. Ба ин маънӣ, бедор кардани  шавқу рағбати  китобхонию  донишомӯзии наврасону ҷавонон, умуман, мардум аз масъалаҳои басо муҳим ва пурифтихори аҳли ҷомеа аст

Ҳамзамон  дар мақолаи “Китобдори асил донишманди пуркор, китобдору китобшинос, мутахассиси варзидаи соҳа Ҷӯрабой Раҷабов дар бораи китобдори асил Ғоибназаров Соҳибназар чунин мегӯяд:

“Соҳибназар Ғоибназаров марди наҷиб, дилбохтаи соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ ва китобдори асили мо мебошад. Вай дар давраи сарвари Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ буданаш (1987-1998) барои пешрафти фаъолияти ин маҳзани дониш саҳми босазо гузоштааст. Дар ин давра дар китобхона сафи хонандагон ва теъдоди китобҳои мавриди мутолиа хеле меафзояд ва барои тарғиби адабиёт ва боло бурдани сатҳи донишу маърифатнокии хонандагон чорабиниҳои оммавии лозима ба роҳ монда мешаванд.

Ӯ дар асл китобдори асил буд, зеро ӯ касби интихобкардаашро хеле дӯст медошт ва аз ҳамин ҷиҳат гаштаю баргашта  барои дар китобхона кор кардан розигӣ медод, ё шояд бо мурури замона аз ӯ  намепурсиданд ва таъиноташро зарур меҳисобиданд”…

Китоби панҷуми “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”-ро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фароғат Толибова,  муовини
сардори шуъбаи феҳристгнигорӣ,
раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ.