Китоби якуми “Давлат ва дин”: Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ

Китоби якуми “Давлат ва дин” дар таҳияи Шерзот Абдуллозода аз чоп баромад, ки он “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ” номида шудааст. Ҳамчуноне дар муаррифиномаи китоб мехонем, масъалаи муносибати давлату дин, ҷойгоҳи дин дар ҷомеъа ҳамеша яке аз масъалҳои муҳими назариявии фалсафию сиёсатшиносию диншиносӣ будааст ва ҳаст. Баҳсу мунозира ва таҳқиқот дар ин замина фаровон буда, нуқтаи назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Имрӯз дар амалия низ моделҳои гуногуни чунин муносибат фаъоланд.

Яке аз чунин модели муносибати давлату дин низоми дунявӣ (секулор) мебошад, ки аз ҷумла дар кишвари мо низ яке аз модели он, пиёда шудааст ва дорад такмил меёбад. Дар ин китоб, бори аввал дар кишвар, кӯшиш шудааст моҳияти ин падидаи иҷтимоӣ дар муқоиса бо дигар моделҳо ва таҳаввули таърихӣ ва заминаҳои таърихии он барасӣ ва ироа шавад.

Дар натиҷаи чунин баррасӣ ошкор карда шудааст, ки бо кӯшиши Пешвои миллат ва умқу паҳною дидгоҳи нақши иҷтимоии дин ва мақому ҷойгоҳи таърихию муосири он дар  ҷомеаи мо модели нави ҷавобгӯ ба ниёзҳои онро пиёда карданд.

Ҳамчунин дар ин китоб барои истеҳкому пойдорӣ бахшидан ба ин модели дунявият, ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳаракоти ирҳобию фузунхоҳии динӣ роҳу усули такмили корҳои маърифатию мафкуравӣ пешниҳодҳо шудааст.

Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон