Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон

Назри Яздон [Матн]: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи  шарҳиҳолӣ/ Мураттибон Г. Маҳмудов, Б. Қурбонова; муҳаррир С. Раҷабова; зери назари профессор Ҷ. Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 84 с.

Агар хоҳем як таърифе аз шахсияти Назри Яздон диҳем, дар нигоҳи аввал хеле мушкил аст, зеро агар устодро ҳамчун шоир бигӯем, ӯ дар шоири мумтоз аст, агар устодро ҳамчун адабиётшинос матраҳ кунем, адабиётшиноси барҷаста аст ва агар устодро ҳамчун файласуф дар назар гирем, низ файласуфи бисёр хуб, пуркору пурзаҳматанд. Ва агар устодро ҳамчун фарҳангшинос матраҳ кунем, яке аз донандагону дорандагони хуби фарҳанги мо ҳастанд. Бинобар ин, ин гуна шахсиятҳоро, мо метавонем бигӯем, як чеҳраи милли, як зиёд, як шахсияти ҷомеу фарогир ҳастанд.

Ашъори ин адиби мумтоз, шоири навпардозу тозаэҷод ва нафаре, ки ҳаёти худро ба шеъру шоири бахшидааст, гумондорем, зарурат ба таърифу тавсиф ва таблиғу ташвиқи зиёд надорад, аммо таҳқиқу баррасии вижагиҳои эҷодии ин адиби муваффақро зарур медонем. Албатта, ҳар як суханвар дар оғози кори худ аз унсуру усул ва роҳу равиши пешиниён пайгирӣ мекунад, аммо баъдан иддае бо талошу кӯшиш ва заҳмату зиндадориҳо ҷодаи худро пайдо карда, маъруфият ҳосил мекунанд. Назри Яздон низ аз зумраи он нафаронест, ки аз нахустин қадамҳои худ дар ҷодаи эҷодӣ ба раҳкушоию қуллапаймоӣ даст задааст. Шеъри ӯ бо он ки бардошту таъсири зиёде аз эҷодиёти адибони гуногунзабону мухталифбаён дорад, аммо боз ҳам шеъри нав аст: шеъри муосир, шеъри тоҷикона, шеъре фаҳмо, зебо ва гӯё, шеъре дархӯри ҳама қишрҳои аҳолӣ.

Дар дастури мазкур мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносон оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву эљодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 1, номзади илмҳои фалсафа Назри Яздон, осорнома ва адабиёт роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияти илмию ӯ фароҳам омадааст.

Дастур аз 2 қисм ва кӯмакфеҳристҳо иборат аст.

Дар қисми аввал афкору андешаҳои олимон, сиёсатшиносон ва эҷодкорон оид ба фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва эљодии Назри Яздон ҳамчун донандаи хуби таъриху фарҳанг, адабиёт ва ҳуввияти арзишҳои милли мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Олимону эҷодкорон дар навиштаҳои худ паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва эҷодии Назри Яздониро ҳамчун адиби мумтоз, таблиғгари таъриху фарҳанг ва арзишҳои милли таҳлилу баррасӣ намудаанд.

Қисми дуюм номгӯйи асарҳои илмӣ, осори адабию бадеӣ, маводи таълимӣ, тарҷумаҳо, таҳриркардаю таҳия намуда, тақризҳо ва адабиёт оид ба ҳаёт ва фаъолияти ӯро дар бар мегирад. Унвони тамоми асарҳо ба забони асл тибқи стандарти пазируфта тасвир шудаанд. Мундариҷа асарҳои бурузгҳаҷми иникосёфта ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.

Мавод дар қисмњо ва зерқисмҳои дастури шарҳиҳолӣ тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо аввал ба забони тоҷикӣ, сипас ба забони русӣї бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Дастури мазкур дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тољикистон ва бойгонии Назри Яздон, веб-сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи солҳои 1980-2020 нашршударо дар бар мегирад.

Барои осон намудани пажӯҳиш дар поёни дастур кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд.

Дастур ба донишҷуёну омӯзгорон, олимону эҷодкорон ва умуман ба гурӯҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо кардан ба осори илмию эҷодии Назри Яздон кӯмак хоҳад расонид.

 

Назри Яздон [Матн]: Биобиблиография / Составители Г. Махмудов, Б. Курбонова; редактор С. Раджабова; под общей редакции профессор Дж. Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 84 с. (На таджикском языке)