Китобномаи шарҳиҳолии донишманди маъруф Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ омода чоп шуд

Дар фазои илмии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашри дастурҳои библиографӣ ҳамчун унсури муҳими низоми иттилоотӣ ва манбаъшиносӣ нақши калидӣ мебозад. Афзоиши ҳаҷми иттилооти илмӣ ва густариши муҳити рақамӣ зарурати таҳияи феҳристҳои муназзаму боэътимодро бештар ба миён меорад. Дар ин замина, нашри нишондиҳандаи библиографии «Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ: китобномаи шарҳиҳолӣ» як падидаи муҳим дар рушди библиография ва манбаъшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.
Нишондиҳандаи мазкур бо пешниҳоди узви Шӯрои илмию методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайзароб Нодирзода ба нашр тавсия шудааст.
Аз нигоҳи назариявӣ, китобномаҳои шарҳиҳолӣ воситаи муҳимми ба низом даровардани мероси илмӣ ва таъмин намудани дастрасии муҳаққиқон ба манбаъҳои аслӣ ба шумор мераванд. Онҳо барои бозсозии ҷараёни рушди илм, муайян намудани равандҳои асосӣ ва хусусан арзёбии саҳми шахсиятҳои илмӣ аҳаммияти хос доранд.
Мавриди зикр аст, ки нишондиҳандаи мавриди назар осор ва фаъолияти илмии Нурмуҳаммад Амиршоҳиро дар шакли муназзам фаро гирифта, барои анҷоми таҳқиқоти минбаъда заминаи боэътимод фароҳам месозад. Ҷамъоварӣ ва таҳияи мавод дар асоси сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва пойгоҳҳои электронии илмӣ, аз қабили «DisserCat» ва «Электронная библиотека диссертаций – РГБ», анҷом дода шудааст, ки сатҳи баланди эътимоднокии маълумотро таъмин менамояд.
Сохтори китобномаҳои шарҳиҳолӣ аз ду фасли асосӣ иборат буда, дар маҷмуъ 241 тасвири библиографиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ фаро мегирад:
Фасли I: Осори илмӣ-назариявӣ, илмӣ-оммавӣ ва адабиву таърихии муаллифро тибқи тартиби хронологӣ ва алифбоӣ пешниҳод менамояд. Ин фасл маълумотро оид ба мақолаҳо, нашрҳои алоҳида, тарҷумаҳо, фаъолияти илмию роҳбарии ӯ ва дар бар мегирад.
Фасли II: «Адабиёт оид ба рӯзгор ва фаъолияти Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ». Маводди марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ рабт дошта, ба зербахшҳои «Нашри чопӣ» ва «Нашри электронӣ» ҷудо шудааст.
Дар анҷоми китоб «Кумакфеҳристи алифбоии асарҳо» барои дарёфти саривақтии осори муаллиф ва «Кумакфеҳристи ашхос» ҷиҳати шиносоӣ бо ҳаммуаллифон ва афроде, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ андешаронӣ намудаанд, тартиб дода шудааст.
Нишондиҳандаи библиографии «Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ: китобномаи шарҳиҳолӣ» ҳамчун сарчашмаи хуби манбаъшиносӣ метавонад дар корҳои таҳқиқотӣ ва таҳлили рушди шарқшиносии тоҷик мавриди истифода қарор гирад. Нашри чунин феҳристҳо ба таҳкими заминаҳои илмӣ ва такмили фарҳанги библиографӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ бо таҳия ва интишори дастурҳои библиографӣ дар самти ғанисозии фазои илмию маърифатӣ ва таъмини ниёзҳои иттилоотию таҳқиқотии муҳаққиқон, донишпажӯҳон, омӯзгорон ва доираи васеи хонандагон саҳми назаррас мегузорад. Дастури зикршуда ҳамчун манбаи муътамади илмию маълумотӣ рӯзҳои наздик ба фонд ва толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ворид гардида, барои истифодаи илмию пажуҳишӣ дастраси хонандагон қарор дода мешавад.
Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»