Китобу Истиқлол – ду боли як иқбол

 Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ  бахшида ба “Рӯзи китоб” ва “30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими тантанавие тањти унвони ”Китобу Истиқлол – ду боли як иқбол” баргузор гардид. Чорабиниро Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ифтитоҳ намуд. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ ҳозиронро ба муносибати ин рўзи хуљаста муборакбод гуфта ва онро яке аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонд.

Гадобек Маҳмудов дар бахши дигар аз суханронии худ гуфт, ки  14 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда буданд. Ва аз ҳамон сол ба ин сў Рўзи китоб њамасола таҷлил мешавад.

Гадобек Маҳмудов ҳамчунин аз сислсилаи чорабиниҳои дигар дар доираи Рӯзи китоб, аз ҷумла намоиши густардаи китоб ва сайру саёҳати ширкаткунандагон дар Китобхона ва ғайра сухан гуфт.

Дар чорабинӣ мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, намояндаи Вазорати фарҳанги кишвар, шоири маъруф Муҳтарам Ҳотам њузур доштанд. Донишҷӯёни макотиби олӣ, омӯзгорон, хонандагони мактабҳои миёна дар ин маросими бошукуњ иштирок карданд.

Дар ҳамин гирдињамоии муњимми хотирмон зумрае аз кормандони Китобхонаи миллӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.