“Китобу-л-булдон”- асари ҷуғрофиёии Абулаббос Аҳмад ибни Абуяъқуб ибни Ҷаъфари Яъқубӣ
«Китобу-л-булдон» («Китоб дар бораи мамлакатҳо»), «ал -Булдон», асари ҷуғрофиёии Абулаббос Аҳмад ибни Абуяъқуб ибни Ҷаъфари Яъқубӣ. Муаллиф «Китобу-л-булдон»-ро пас аз саёҳати кишварҳои Арманистон, Хуросон, Ҳинд ва Миср ба забони арабӣ навиштааст (891-892). Бо муқаддима ва шарҳи ҳоли муаллиф оғоз мешавад.
Матни асосии асар аз 4 қисм ва хотима иборат аст. Дар «Китобу-л-булдон» доир ба таърихи кишварҳо, иқлим, аҳолӣ, роҳҳои корвонгузар, шароити табиӣ, оби ошомиданӣ, расму оину дини мардум, масофаи байни мавзеъҳо, минтақаҳо, шаҳрҳо, биёбон ва кӯҳистонӯ давлатҳои гуногуни қитъаҳои Осиё, Аврупо ва Африқо маълумоти нодир оварда шудааст.
Қисми зиёди маълумоти китоб дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ва қавли сокинони минтақаҳои гуногун гирд оварда шудаст. Яъқубӣ маълумоти таърихиро аз назари интиқодӣ таҳлил намуда, чун муаллифони ҳамзамони худ Масъудӣ ва Ибни Фақеҳ ахбори асотириро ба «Китобу-л-булдон» ворид накардааст.
Сабки нигориши «Китобу-л-булдон» ба рисолаҳои ҷуғрофиёии Ибни Хурдодбеҳ ва «Китобу-л-хироҷ»-и Қудома ибни Ҷаъфар шабоҳат дорад.
Матни комили «Китобу-л-булдон» мавҷуд нест; як бахши асар доир ба ҷуғрофиёи таърихии Басра, Арабистони Марказӣ, Ҳиндустон, Чин ва Арманистон пурра аз байн рафтааст. Соли 1860 шарқшиноси ҳолландӣ М. Я де-Гуе матни баргузидаи асарро доир ба Ғарб ба забони лотинӣ тарҷума ва нашр кардааст.
Соли 1861 матни мавҷуди «Китобу-л-булдон» бо ҳиммати шарқшиноси ҳоландӣ Теодор Виллем Йейнболл чоп шуд. Баъдан «Китобу-л-булдон» бо забонҳои форонсавӣ (1928; тарҷумон Г. Виет), форсӣ (1978; тарҷумон Муҳаммад Иброҳими Оятӣ) ва русӣ (2011; Л. А. Семёнова) тарҷума ва чоп шуд.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 184.
Муаллиф: Ҳ. Камол
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ