Кохи маърифат

“Ба назари ман чунин аст, ки биҳишт бояд ба мисли як китобхона бошад”. Хорхе Луис Борхес, адиби маъруфи аргентинӣ.

Китобхона маконест, ки он ҷо таъриху ҳувият, фарҳангу тамаддун ва дар маҷмуъ миллату халқеро дар оинаи қарнҳо мебинем. Файласуфи нидерландӣ ба ҳамин мазмун фармудааст: “Ватани ман он ҷоест, ки китобхонаи ман ҳамонҷост”. Воқеан, сонияҳо мегузаранд. Рӯзҳо моро падруд мегӯянд. Фаслҳо паи хазону баҳор солеро пушти сар мегузоранд. Даҳу бист сол, як аср, ҳамин тавр давраҳо мераванду салтанату қудратҳо ҷои ҳамро иваз мекунанд. Вале ягона чизе, ки ба ёдгор мемонаду аз ҳар қадами гузашта, аз муқаддасот, аз аризшҳо, аз корнамоиҳо, аз фарҳангу таърих ҳарф мезанад, китоб аст. Ба ҳамин маънӣ китобхона воқеан ба мо ватан аст. Ватани илму дониш, ватани маърифат, ватани хираду асолат, ватани таъриху фарҳанг, ватани шеъру шоирӣ, ватани ихтирооту навоварӣ, ватани одаму одамгарӣ, ватани хештаншиносию худогоҳӣ, ватани дарёфти камолот, ватани шинохти худ, ватани арҷ гузоштан ба заҳмату ободкориҳои фарзонафарзандони миллат, ватани садоқату самимият…

Мо, тоҷикон посдори анъанаву суннатҳои неки ниёгони донишпарвару бофазилатамон ҳастем. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар китобхонаҳои хурду бузург ба оммаи васеи мардум хизмат менамоянд. Яке аз пурнуфузтарини онҳо Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. 20 марти соли 2012 дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз баъди оне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи миллиро ба истифода доданд, нури маърифат дар маркази пойтахти азизамон дурахши пойдор ба худ касб намуд. Дар ин рӯзи баҳорӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳори сабз ва шукуфони илму маърифат дар кишвар умри абад ба худ гирифт. Чун дар ин кохи хирад осори тамоми маъниофарони тоҷику форс, аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Хайём, Румӣ, Ҷомӣ сар карда, то Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳову ҳазорони дигар зебандаи ҳар рафи ин боргоҳ мебошанд. Гузашта аз ин, дар Китобхонаи миллӣ асарҳои тамоми адибону нависандагон, олимону донишмандони халқу кишварҳои дигар низ ҷой карда шудаанд, ки ҳар кадом ахтаре дар осмони маънианд.

Ҳар касе ба ин боргоҳи хирад меояд, бо тамоми эҳсос дарк менамояд, ки воқеан китобхона дарахти ҳамешасабзи маърифат аст, ки ҳар кӣ пайваста бо баргҳои он дилхушӣ кунад, ба меваҳо мерасад. Китобхона офтоби дурахшони илм аст, ки ҳар ки дар партави он нишинад, ба гармии саодат даст меёбад. Китобхона макони вохӯрии идеяҳо ва ташаккули ақли инсонҳост. Биҳишти воқеӣ ҳамон ҷоест, ки  ҳафтае ҳафт рӯз боз аст. Шоири украинӣ Стефан Витвиский мегӯяд: “Китоб дӯсти танҳо ва китобхона паноҳгоҳи бехонумон аст”. Философи олмонӣ Готфрид Вилгелм бошад, мефармояд: “Китобхонаҳо ганҷинаи тамоми ганҷҳои рӯҳи инсон мебошанд”.

Вақте вориди Китобхонаи миллӣ мешавем, дарк менамоем, ки тӯли қарнҳо халқи тоҷик аз давраи пайдоиш ба китобхона ҳамин муносибатеро доштанд, ки дар боло овардем. Ба яқин дармеёбем, ки гузаштагони хирадманиши мо китобхонаро ҳамеша ҳастии хеш пиндошта, ҳарҷо ки зист мекарданд, барои дурахшон намудани шамъи илму дониш китобхонаҳо бунёд мекарданд. Давра ба давра то ба мо, бо вуҷуди шебу фарозҳои таърих, ин амали пурнаҷобат – бунёди китобхонаҳо, донишманду донишвар сохтани мардум, ҳамеша асолати миллати тоҷик ба шумор мерафту меравад.

Фаъолияти Китобхонаи миллиро аз соли ифтитоҳаш то инҷониб ба назар гирифта, дарк менамоем, ки дар ҳақиқат он роҳи саодати ҷомеаро ҳамеша равшанӣ бахшидаву ба хушбахтӣ мерасонад. Тамоми мардум баробари ворид шудан ба Китобхонаи миллӣ дари тамаъ, ғурур, танбалӣ, нописандӣ ва ҷаҳолатро, ки ҳамагӣ меваи бадбахтӣ, бекорӣ ва ҳасрат мебошанд, мебанданд ва дар оғӯши абадият, дар миёни муаллифони зиёд, онҳое, ки ифтихорофаринанд, бо сарфарозию нишот, бо эҳсоси қаноатмандӣ, бо ҳисси шодмонӣ чанги маърифат менавозанд.

Нависанда ва публитсисти рус Александр Гертсен, ки худ соҳиби даҳҳо асари мондагор мебошад, китобхонаҳо чунин гуфтааст: “Китобхона мизи кушоди фикру андешаҳоест, ки ҳама ба он даъват карда мешаванд. Дар он ҳар кас ризқи дилҳоҳашро меёбад. Китобхона як мағозаи захиравӣ аст, ки дар он инсонҳо фикру кашфиётҳои худро мегузоранд ва дигарон онҳоро ба афзоиш мегиранд”. Зимни баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мо дар Китобхонаи миллӣ ҳамин гуфтаҳои нависандаи русро бармало мушоҳида кардем. Ҳар як иштирокчии озмун бо он чи дар китобхона буд, маърифати худро бой гардонид ва “ризқи дилҳоҳ”-и худро гирифт.

Китобхонаи миллӣ бетардид бузургтарин сарвати миллати тоҷик мебошад. Ҳашамату азамати ин даргоҳи хирад ба ҷаҳониён собит мекунад, ки тоҷикон дар ҳама умр китобро мӯъҷизаи бебаҳо, ганҷинаи сухан, хазинаи илму дониш, кони маърифат дониста, онро мӯъҷизае чун офтоб, ки бо нурҳои саодаташ ба олами ботину зоҳири мо нуру зиёи маърифат мебахшад, ҳамеша азизу гиромӣ медоранд. Ҳама дониши гузаштагони мо дар бахшҳои алоҳида дар рӯи коғаз, дар китобҳое мавҷуданд, ки дар ин махзан ҷамъоварӣ шуданд. Гуфтан мумкин аст, ки Китобхонаи миллӣ хотираи коғазини аҷдодони мо, ягона умед ва ҳофизаи вайроннашудаи насли дирӯз, имрӯз ва фардоямон мебошад. Чун дар ин ҷо бузургтарин махзани дастхатҳо, нашрияҳои чопӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир карда шудааст. Дар 27 толори хониши Китобхонаи миллӣ, ки дорои 1500 ҷои нишаст мебошанд, мо қодирем бо зиёда аз 3 миллион асноди гуногун бо 50 забони халқҳои ҷаҳон ошно шавем. Бо дастрасии ҳар китоб самимона эҳсос мекунем, ки он ҳосили чандин рӯзи корӣ, чандин шаби бехобӣ, чӣ қадар саъ, чӣ қадар умеду тарс ва чӣ қадар таҳсилу омӯзиш, бо ҳарфҳои хурд дар қоғаз ба фазои танги рафҳои китобхона ҷой карда шудааст. Ба таври дигар, ин макон пайвандгари тафаккури ҳазорсолаҳои гузашта имрӯз ва фардоямон мебошад.

Ҳар вақт, ки мо ба Китобхонаи миллӣ меравем ва шумори зиёди дилбохтагони роҳи илму донишро мебинем, дарк менамоем, ки бе китобхона ҳеч мактабу донишгоҳе кори худро карда наметавонад. Мактабу донишгоҳ маҳз бо туфайли китобхона пурра ва ба мақсад мерасанд. Шояд аз ҳамин дидгоҳ баъзан китобхонаҳоро аз донишгоҳҳо муҳимтару муқаддам мешуморанд. Чун мо аз мактабу донишгоҳҳо қатраро мегирем ва вақте ба китобхона меравем, ба дарё мерасем. Китобхонаи миллӣ имрӯзҳо ҳамин дарёи илму дониш аст, ки ҳама сокинони кишвар ва берун аз онро нӯшоби маърифат медиҳад.

Гузашта аз ин, имрӯзҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки назираш дар ҷаҳон кам аст, бурҳонест аз хираду тамаддуни бойи миллати тоҷик. Китобхонаи миллӣ имрӯзҳо саду ҳазораи тафаккури бой ва пурмаъонии миллати тоҷикро бозгӯ мекунад. Сатр дар сатр, варақ андар варақ ва ҳар китоби Китобхонаи миллӣ таронаи таърихи бой, таровати андешаҳои ҷовидона дар масири ақлу заковат ва хираду идроки миллати тоҷик мебошад.

Имрӯзҳо Китобхонаи миллӣ воқеан барои ҳар яки мо манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, ойинаи ҳаёт ва калиди дари саодат мебошад. Мо бояд ин макони муқаддасро дӯст дорем ва ишқи ҳар китоби онро дар вуҷудамон зинда нигоҳ дорем. Ин макони хирадро хонаи маънавӣ ва ҳар китоби онро узви оилаи хеш гардонем.

Шаҳодат ДАВЛАТОВА,

мутахассиси шуъбаи котиботи

Китобхонаи миллии Тоҷикистон.