Комили Хоразмӣ кӣ буд?
Комили Хоразмӣ, номи аслияш Паҳлавон Ниёзмуҳаммад Мирзобошӣ (1825, Хева-1899, ҳамонҷо), шоир, сароянда, нависанда (танбўрӣ), мусиқидон ва мутарҷими ўзбектабори Хоразм.
Адабиёт, фалсафа, илоҳиёт, забонҳои форсию арабиро дар мадрасаи Хева ва асосҳои назарию амалии мусиқии классикӣ (мақом)-ро дар Бухоро фаро гирифтааст (танбўрнавозиро аз Дилкаши Танбўрӣ ва шеъру фалсафаро аз Аҳмади Дониш омўхтааст). Комили Хоразмӣ дар заминаи адвори 18-хаттаи барои танбўр ихтироъкардааш мақомҳои хоразмиро сабт кардааст. Ин низоми нави Комили Хоразмӣ дар таҷрибаи мусиқӣ васеъ истифода нашуда бошад ҳам, дар таҳқиқи сохтори пардаии мақомҳои замонаш манбаи муътамад маҳсуб мебошад.
Комили Хоразмӣ бо ҳамин усул қисми авали мақоми «Рост» ва баъди вафоти ў писараш Муҳаммадрасул Мирзобошӣ (1870-1916) қисми боқимондаи мақомҳои хоразмиро ба нота гирифтааст. Нотанавиштаҳои писараш нусхабардорӣ шуда, дар хазинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон (Р: 1199) маҳфузанд.
Комили Хоразмӣ дар мақоми «Рост» шохаҳои «Мураббаи Комил», «Пешрави Фирўз»-ро тасниф кардааст. Соҳибдевон буд, ғазал, мухаммас, маснавӣ ва рубоию қасидаро некў мегуфт.
Дастнависи девони Комили Хоразмӣ дар Институти шарқшиносии АИ Ўзбекистон маҳфуз аст. Дар рассомию хаттотӣ низ маҳорат дошт. Котиб ва раҳбари девони ҳокими Хева (Сайид Муҳаммад ва Муҳаммад Раҳимхони II) буд ва беш аз 50 котибу мусиқишиносро таълим додааст.
Ба Маскав, Санкт-Петербург (1873, 1883), Тошканд (1891, 1896) сафар кардааст. Чанд асар («Маҳбубу-л-қулуб»-и Маҳмуди Фароҳӣ, «Латоифу-т-тавоиф»-и Фахруддин Алии Сафӣ, «Калила ва Димна»)-ро аз форсӣ ба ўзбекӣ баргардондааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 396.
Муаллиф А. Раҷабов
Таҳияи Мунавара Азизова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ