“Комилу-с-синоат”-и  Маҷусии Аҳвозӣ  дар боби тиб ва дорушиносӣ

Комилу-с-синоатМувофиқи  маълумоти  муаррихи рус С. Конвер (1983), ташреҳ (анатомия)-и бадан дар «Комилу-с-синоат” аз рӯи тибби Ҷолинус оварда  шудааст, вале муаллиф оид ба 9 мушаки чашм, ки 3 – тои онҳо  дар ҳаракати мижгон иштирок мекунанд, маълумоти дақиқ додааст.

******* ***** *******

«Комилу-с-синоат” асари энсиклопедии Алӣ ибни Аббоси Маҷусии Аҳвозӣ (фавт. 994) дар боби тиб ва дорушиносӣ. Китоб масъалаҳои асосии назарӣ ва амалии қадим, ҳамчунин, комёбиҳо ва маҳсули таҷрибаи ғании худи Аҳвозиро дар бар мегирад. Нимаи дуввуми асри Х ба забони арабӣ таълиф шудааст.

Дар асар тамоми воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва табобати бемориҳо дарҷ гардидаанд. Китоб аз ҷиҳати содагии таъбир, табақабандӣ ва услуби илмии худ аз беҳтарин китобҳои тиббӣ ба шумор меравад. Муаллиф онро барои подшоҳ Азудуддавлаи Бувайҳӣ таълиф кардааст. Бинобар ин номи дигари он “Ал-китобу-л-маликӣ” мебошад.

“Комилу-с-синоат” аз чанд қисм иборат аст. Қисми аввал ба мавзуъҳои физиология – навҳо ва шинохти мизоҷ, моеъ, хилт, қувваи бадан ва дигаргуншавии он аз таъсири иқлим ва шароити зиндагӣ ихтисос ёфтааст. Мувофиқи  маълумоти  муаррихи рус С. Конвер (1983), ташреҳ (анатомия)-и бадан дар «Комилу-с-синоат” аз рӯи тибби Ҷолинус оварда  шудааст, вале муаллиф оид ба 9 мушаки чашм, ки 3 – тои онҳо  дар ҳаракати мижгон иштирок мекунанд, маълумоти дақиқ додааст.

Қисми зиёди «Комилу-с-саноат” ба бемориҳо ва тарзи ташхис, ташхиси тафриқи, ҳамчунин, ба табобат ва тадбири онҳо бахшида шудааст. Муаллиф пайдоиши бемориҳоро ба дигаргун шудани унсурҳои дохилии бадан ва таъсири манфии муҳити атроф вобаста кардааст .

Қисмҳои  дигари китоб ба шинохти набз, тағиир ёфтани он дар аснои чандин бемор, ҳарорати бадан тадбири либос, беҳдошти хӯрок муҳити зиндагӣ ва ғайра бахшида шудааст.

Китоб оид ба пайдоиши санг дар дохили раҳми (бачадон)-и занҳо баромадани устухонҳо ҳангоми авҷи ихтилоҷи мушакҳо тафовути байни бемории пес ва мавах, усули ҷароҳии санги гурда, истифодаи доғсўзӣ дар табобати баъзе бемориҳои пуст, усули хунгирӣ, шифобахшии обҳои минералӣ ва тарзи истифодаи онҳо маълумот додааст. Муаллиф қанд ва ширро ҳамчун ғизо ва дору барои табобати сил таъин намуда, санҷидани доруҳои навро дар ҳайвонот тавсия кардааст.

Энсиклопедияи миллии тоҷик.
– Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 401.
Муаллиф: Ю.Н.Нуралиев

Таҳияи  Олучамо Исмоилова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ