Конференсияи байналмилалии “Шоҳнома-шоҳасари мондагор ва пайвандгари наслҳои ориёӣ”

Хирад раҳнамову хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой…

Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯ хуррамист,

Аз ӯ ҳам фузунию ҳам з-ӯ камист

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Шоҳнома – шоҳасари мондагор ва пайвандгари наслҳои ориёӣ” Конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони аз донишгоҳҳои кишвар ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат ширкат варзида, аҳаммияти “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва ҷанбаҳои ватанпарвариву ваҳдатофаринии ин шоҳасари мондагорро мавриди барасӣ қарор доданд.

Ба кори конфронс роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки давлатдорӣ ва бунёди миллии Тоҷикистони имрӯзаи мо бо худшиносии таърихӣ устувор мегардад. “Дар ин росто талошҳои хастанопазир, бедареғ ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии асили гуманизм ва сафири эҳёгари арзишҳои тамаддунии мо калидӣ ва бунёдӣ аст. Тақдим намудани китоби “Шоҳнома” аз тарафи Пешвои фарҳангофару ваҳдатгустари мо ба ҳар як хонадони Тоҷикистон як рӯйдоди музаффариятбахши таърихофаринӣ аст, ки чун як ҳаракати бузурги маънавӣ ва бедорсозии худшиносии ҳуввияти миллии моро таҳкиму тақвият мебахшад.”

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода зимни сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки Шоҳнома барои ҳамаи ориёитаборон ва аз ҷумла, тоҷикон воқеан ҳам ҳамосаи бузурги миллӣ ва асоси пояи худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1994 дар суханронии худ дар Симпозиуми байналхалқӣ ба ифтихори ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки ташаббускори бевоситаи баргузории ин симпозиум буданд, таъкид намуданд: “«Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусияти неки инсонӣ аст.” Шоир беҳтарин хислатҳои одамиро ба мисли хираду хирадмандӣ, некию накӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ғайраро ситоиш карда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар тарбияи ҷавонон аҳамияти хос дорад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ – Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ бо эҳтироми хос аз ташаббуси бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ҳар хонадони тоҷик ройгон тақдим намудани шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ёдоварӣ намуд, зеро ин иқдоми арзишманд пайвастани насли имрӯз бо решаҳои таърихӣ, зинда гардондани хотираи миллӣ ва тақвияти эҳсоси худшиносӣ мебошад.

Фарҳод Раҳимӣ роҷеъ ба “Шоҳнома-“и Фирдавсӣ чунин иброз дошт, ки  шоир ҷаҳонро ҳамчун низоми зинда мебинад: Осмон, Офтоб, Моҳ, Оташ, Об, Бод, Хок, Кӯҳ, Сипеҳр, Шаб, Рӯз Ва Гардиши Сипеҳр. Дар “Шоҳнома” ин ҳама танҳо манзара набуда, маъно, ишора ва ҳикмати хешро доранд. Дар ҷаҳонбинии Фирдавсӣ табиат китобест, ки Офаридгор онро бо унсуҳои офариниш навиштааст, зеро он дорои низом ва ҳаракат аст.

Дар идомаи конфронс Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби оқои Алиризо Ҳақиқиён, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрдод Ҷавонмард, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён, шоирони халқӣ Рустами Ваҳҳоб ва Камол Насрулло баромад намуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар тарғиби мафкураи миллӣ ва идеяҳои ватандӯстӣ, ҳифзи ҳувийяти миллӣ ва пойдории марзу бум нақши шоиста  дорад. Лозим ба ёдоварист, ки  Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Халқи тоҷик мисли қавмҳои дигари ориёӣ аз он ифтихор дорад, ки ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и ҷовидонаи худ манзараи басо барҷастаи Ватанамонро аз бомдоди зиндагӣ дар ин сарзамин то рӯзгори худ бо қалами сеҳрофарин тасвир намудааст ва мо ҳамроҳи офаридгори ин ҳамосаи ҷовидонӣ шоҳиди ҳам пирӯзиҳо ва ҳам нокомиҳо, ҳам сарбаландиҳо ва ҳам шикастҳо мешавем. Маънову муҳтавои олии “Шоҳнома” ба зевари лафзи дарӣ, забони софу ноби тоҷикӣ пардоз ёфта, дар матни худ беҳтарин намунаи забони равону расо ва дар айни ҳол содаву покизаи тоҷикӣ – форсй – дариро ҳифз намудааст, ки нишони камоли забони модарии мо мебошад ва бо гузашти беш аз ҳазор сол мо ба ҳамин забон гуфтугӯ мекунем.”

Дар ҳамоиш академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ роҷеъ ба аҳаммияти ин асари ҳамосии миллӣ сухан карда, иброз дошт, ки Фирдавсӣ ҳамчун донандаи забони паҳлавӣ  “Шоҳнома”-и худро дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ гирд овардааст.

Фирдавсӣ ба зинда гардонидани асотир ба сифати ҳамоса даст зада, аввалин маротиба устураҳоро ба шакли ҳамосӣ вориди Шоҳнома гардонид”.

Ҳамчунин академик Раҳмонзода қайд кард, ки беҳтарин таъбиру ибораҳои тоҷикиро пас аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мо дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебинем. “Кори дигаре,  ки Фирдавсӣ бо эҷоди “Шоҳнома” ба анҷом расонд, зинда кардани мавзӯи ватандӯстӣ бо дид ва нигоҳи пурарзиш ба адабиёт буд ва ба он ҷанбаи умумибашарӣ бахшид”, – илова намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ҳамзамон адабиётшинос, публитсист ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон оид ба ҳамосаҳои қадимии пеш аз Шоҳнома арзи вуҷуд дошта: Илиада — ҳамосаи қадимаи юнонӣ, Одиссея — ҳамосаи дигари юнонӣ, Энеида — ҳамосаи машҳури румӣ, Беовулф — қадимтарин ҳамосаи англисӣ ё худ Манас-и қирғизҳо ва дигару дигар сухан карда, иброз дошт, ки аз ин анбуҳи ҳамосаҳои миллӣ бузургтаринаш “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ аст. Ягон ҳамосае ба ин вусъати назар, ба ин фарогирифти масъалаҳои мубрами таърих бо Шоҳнома баробар намешавад, иброз дошт Ҳафиз Раҳмон.

Такя ба гуфтаҳои боло лозим ба ёдоварист, имсол бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мегардад.

Махфират МУҲИДДИНОВА,

бахши робита бо ҷомеа

Теги: робита бо ҷомеа