Конфронси байналмилалии “Осиёи марказӣ: ба сӯйи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор”
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Конфронси байналмилалии “Осиёи марказӣ: ба сӯйи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор” ба кор оғоз намуд.
Ҳадафи асосии конфронси мазкур ҷамъбасти дастовардҳои 30 соли фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои он аз Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон,Турманистон), барасии масоили вобаста ба об, таҳкими робитаҳои бисёрҷониба ва дар оянда баланд бардоштани ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об, энергетика, муҳити зист ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал мебошад.
Дар кори Конфронс намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои муассиси Фонд, аз ҷумла муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Скляр Роман, мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, муовини Раиси Кобинаи Вазирони Туркманистон А. О. Язмирадов -, намояндагони баландпояи шарикони рушд Армида Салсия Муовини дабири Кулли СММ ва котиби иҷроияи СММ комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси ором (Эскатои Смм), ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиеи Марказӣ Антонелла Басани ва дигарон ширкат намуданд.
Гуфтанист, ки Фронди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони экологӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал. Бунёд шуд.
Вазъи имрӯзаи баҳри Аралро ҷомеаи байналмилалӣ фоҷеаи азими асри ХХ медонад.
Қарор аст Ҷаласаи 5-уми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯроаи сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Наргис Назарзода