Конфронси илмӣ-назариявии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо»

Пешвои миллатБо ташаббуси раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо конфронси илмӣназариявӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо» доир гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо суханронии пурмуҳтаво намуд. Мавсуф зикр кард, ки яке аз равандҳои муҳим ва меҳварии иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ин густарда ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти ҳалли масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба яке аз омилҳои муҳими ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфтани обро ба ҳам омадани намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.

Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ин ва дигар  норасоиҳои сайёраи Заминро ба инобат мегирад, пайгирӣ менамояд ва ҳамзамон, иқдомҳои созандае аз худ рўи кор меорад.

Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мувофиқи маълумоти дастрасшуда дар кураи Замин зиёда аз ҳашт миллиард нафар аҳоли умр ба сар мебарад. Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар ба об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Оқилона ва самаранок истифодабарии об яке аз проблемаҳои муҳими на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Зиёда аз 92 дарсади оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, 90 дарсади даромади асосии соҳаи растанипарвариро ташкил медиҳад.

Истифодабарии самаранокии он, алалхусус ба ин соҳа, аҳамияти калон дорад, чун ки аз ҳисоби оби сарфшуда ба кор андохтани  заминҳои нав, ё ин ки беҳтар гардонидани таъминоти оби заминҳои минтақа имконпазир  мегардад.

Ҳамин тариқ, имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон боиси нигаронӣ аст. Гарчанде кӯлу обанборҳои мамлакати мо аз лиҳози обҳои мусаффо ғанӣ ҳам бошанд, моро бори дигар водор месозад, ки нисбат ба захираҳои беназири табиат ғамхорона рафтор намоем.

Шакли комили матлаб ин ҷост:  САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

 Зафари ШАРИФ,
декани факултаи китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»