Конститутсия – шиносон омаи давлат ва бахтномаи миллат
Ҳар сол 6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунад ва ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд:
«Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳим- тарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
6-ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанўз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи Конститутсия,ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд,забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамалакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро таъмин намуд.
Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Канститутсия дарҷ гардидаст, нишон медиҳад. Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории Тоҷикистонро, ки дар тўлӣ таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пўшонид.
Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофи пешрафти ҷомеа, бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Ойгулҷон ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ