Коперник дар назарияҳои илмии худ аз шарқиён чиро гирифт?
Коперник Николай 19 феврали соли 1473 дар Торун ба дунё омадааст. Ахтаршинос,риёзидон, механик, иқтисоддон, ходими давлатӣ, табиби лаҳистонӣ. Асосгузори назарияи низоми офтобмарказии олам. Хатмкардаи донишгоҳҳои Краков (1491–95), Итолиё (Болония) ва Падуя.
Дар 24–солагӣ каноник (қонунгузор)–и епархияи Вармия интихоб шуд. Соли 1512 дар шаҳри Фромборк, зиёда аз 30 сол дар яке аз бурҷҳои девори қалъа зиндагӣ карда, дар он ҷо расадхона ташкил кард ва мушоҳидаҳои астрономи анҷом дод (бино то ҳол вуҷуд дорад).
Солҳои 1516–21 Коперник маъмури хоҷагии умумии капитул (шуро)–и епархия (воҳиди маъмурӣ–ҳудудӣ, ки ба он усқуф сарварӣ мекунад) – Вармия буд; дар мубориза бар зидди паҳншавии бемории тоун (1519), сикка задани тангаҳо (дар бораи сикка рисола таҳия кард, 1526) ва мудофиаи Фромборк ширкат намуд.
Солҳои 1503–1512 Коперник дар байни чакидаҳои даснависи назарияи хеш “Комментариолус” ё “Чакидаҳо дар бораи фарзияҳое, ки ба ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ мансубанд”-ро паҳн кард. Ӯ корҳои Батламиусро дастовардҳои барҷастаи астрономияи атиқа шуморид, вале низоми заминмарказии оламро, ки ӯ таҳия карда буд, беасос донист.
Қаблан Орасторхус (Аристарх), Файсоғурис (Пифагор) ва ситорашиносони асрҳои миёнаи Шарқ ҳам ишорае ба назарияи офтобмарказӣ карда буданд. Баъзе олимон бар он ақидаанд, ки ба назарияи Коперник асарҳои олимони Шарқ, аз замони Ибни Ҳайсам ва баъд, бахусус асарҳои инқилобии олимони мактаби Мароға, Баттонӣ ва дигарон таъсири худро гузоштаанд.
Барои ҳалли муаммои экванта Коперник ҳамон ифодаҳои математикиеро истифода бурдааст, ки онҳоро олимони расадхонаи Мароға (Насируддини Тӯсӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Муҳиддини Арзӣ) бо роҳбарии Тӯсӣ дар нақшаҳои ҳандасии худ барои ишораи нуқтаҳо истифода карда буданд. Назарияи ҳаракати Моҳу Уторид ва назарияи ҳаракати Ибни Шотири Димишқӣ ба ҳам шабеҳанд (ба истиснои он, дар ки назарияи Уторид Коперник низоми сарҳисоби офтобмарказиро истифода мекунад). Тибқи назарияи Коперник чархзании Замин дар гирди меҳвари худ ба таҷрибаҳое, ки дар рӯи Замин анҷом дода мешавад, таъсир намекунад. Дар ин назария Коперник истилоҳеро истифода кардааст, ки Тӯсӣ ба кор бурда буд.
Бо кӯшиши шогирдаш Георг Ретик соли 1543 шоҳасари Коперник “Дар бораи даврзании кураҳои осмонӣ” (иборат аз 6 китоб) нашр шуд, ки дар он низоми заминмарказии Батламиюс рад ва назарияи нави сохти олам – назарияи офтобмарказӣ пешниҳод шудааст. Коперник дар назарияи худ Заминро дар қатори сайёраҳои муқаррарӣ гузошта, фикреро пешниҳод намуд, ки Замин чун сайёраҳои дигар дар атрофи Офтоб ва меҳвари худ чарх мезанад. Дурустии офтобмарказӣ дар муддати кӯтоҳ бо кашфиётҳои Г. Галилей ва И. Кеплер исбот гардид. Коперник ғояи ягонагии оламро пешниҳод кард: “Осмон” ва “Замин” ба қонунҳои барои тамоми Коинот ягона итоат мекунад.
Назарияи Коперник аз камбуд орӣ нест: дар он Коинот бо интиҳо буда, бо кураҳои ситораҳо сокит маҳдуд аст, сайёраҳо аз рӯи мадорҳои доиравӣ мунтазам ҳаракат мекунад. Коперник дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла, дар бораи ҷозибаи олам низ асарҳо эҷод кардааст; дар иқтисодиёт қонуни Коперник–Грешем маъмул аст.
Ба ифтихори Коперник унсури кимёии №112 – “копернитсий”, ситораи бурҷи Харчанг, саёраи хурд (1322) (Копперникус), танураҳо дар Моҳ ва Миррих, давраи коперникӣ дар таърихи Моҳ, фурудгоҳи байналмилалӣ дар Врослав, расадхонаи мадории астрономӣ (1972–81), донишгоҳ дар Торун номгузорӣ шудаанд.
Коперник Николай 24 майи соли 1543 дар Фромборк вафот кардааст.
Дар ин мавзуъ боз чӣ метавон хонд?
О вращениях небесных сфер. Малый комментарий. Послание против Вернера. Упсальская запись.– Москва, 1964.
Пол. собр. Соч.: В З томах.– Варшава; Краков, 1986.
Н. Коперник: к 500–летию со дня рождения. Сбор материалов– Москва, 1973.
Гребеников, Е. А. Н. Коперник. 2–е изд. –Москва, 1982.
Манбаъ: Энсклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 562.
Муаллиф: Ю Азизов
Таҳияи Муин Рубаев,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.