“Кори иҷтимоӣ бо гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ”
Ин китоб, ки тарҷумаи тоҷикии он соли 2016 чоп шудааст, зери таҳрири доктори илмҳои педагогӣ, профессор Н.Ф.Басов таҳия гардидааст. Он як китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олист, ки дар самт ва ихтисоси “Кори иҷтимоӣ” таҳсил мекунанд. Гуфта шудааст, ки дар китоб самтҳои асосии кори иҷтимоӣ бо кўдакони гурўҳҳои зери хатар қарордошта, ҷавонон, пиронсолон, маъюбон, шаҳрвандони бекор ва шахсони беманзили зист муайян карда мешавад.
Стандарти эътиборпайдокардаи нави таълимии федералӣ оид бо таҳсилоти олии касбии насли сеюм аз рўи самти тайёрии «Кори иҷтимоӣ», тахассус (дараҷа)-и «бакалавр», тайёрии соҳави (профили)-и кормандони иҷтимоиро пешбинӣ менамояд. Соҳа (профил) – равонасозии барномаи асосии таълимӣ ба намуд ва (ё) объекти мушаххаси фаъолияти касбӣ аст. Соҳа (профил)- и тайёрии бакалаврҳои кори иҷтимоиро мактаби олие муайян менамояд, ки барномаи таълимиро аз рўи самти мувофиқ иҷро мекунад. Дар байни вариантҳои сершумори соҳаҳои тайёрӣ кори иҷтимоӣ бо гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ муҳимтарин эътироф шудааст. Маҳз ҳамин соҳаро мактабҳои зиёди олии мамлакат, ки тайёриро аз рўи самти «Кори иҷтимоӣ» амалӣ мекунанд, интихоб намудаанд.
Мақсади китоби дарсии мазкур муҷаҳҳаз кардани донишҷўён бо донишҳо оид ба мушкилоти муҳимтарини кори иҷтимоӣ бо гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ мебошад.
Дар китоб технологияҳои кори иҷтимоӣ бо ҷавонон муфассал пешниҳод карда шудааст.
Як нусха аз ин китоб дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд онро бихонанд.
Ситора Расулова,
мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд