Корманди Китобхонаи миллӣ 200 китобашро ба китобхона ҳадя намуд!

200 китобСардори шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон Саодат Набиева 200 китобашро ба Китобхона туҳфа кард.

Ин китобҳо луғату фарҳангҳо, китобҳои дарсии мактаби миёнаву донишгоҳ, адабиёт, “Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ”, “Луғати русӣ-тоҷикӣ”, 2 ҷилди китоби “Учебник английского языка”, ки бо номи китоби Бонк машҳур аст, “Заур Дахте. Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик”-и рӯзноманигори шинохтаву маъруф Суҳроб Зиё, “Хонаи дил”-и Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Китобҳо ба забони тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ буда, баъзеи онҳо бо соядасти муаллифон ба Саодат Набиева туҳфа гардидаанд ва сифати хубу муқоваи зебову мустақкам доранд.

Баъзе китобҳо ду ё беш аз 2 адад буданд, ки миёни онҳо китоби “Учебник английского языка”3 дона аст. 1 дона қисми 1-и 2 дона аз қисми 2-и китоб .

Ин ҳамкори мо аз сардорони фаъоли китобхона аст, ки маҳфилҳои гуногун баргузор карда, хонандагони шуъбаашро ба тамошои тетру синамо, осорхона, тарабхонаҳои гуногуни кишвар мебарад.

Аз ҷумла, 7-уми апрел вохӯрии аъзоёни шуъба бо ҳунармандони гуруҳи овозадори “Лаҳзаҳои гуворо” дар шуъбаи мазкур барпо шуд.

23-юми апрели соли равон дар кинотеатри Муассисаи давлатии Кохи Нарвӯз хонандагони шуъба аз тамошои филми 3 D баҳра бурданд.

18-уми апрел бошад, хонандагони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони миконияташон маҳдуд ба Осорхонаи миллӣ рафта, онро ройгон тамошо намуданд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот в аробита бо ҷомеа. 

Теги: робита бо ҷомеа, китобҳои туҳфашуда, хизматрасонӣ ба маъюбон