Кормандони Китобхонаи миллӣ намоиши “Ишқ ва қурбониҳояш” -ро тамошо карданд

29-уми январ соати 17:00 «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов» намоиши нави «Ишқ ва қурбониҳояш» пешкаш намуд, ки кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар он ҳузур доштанд.

Намоиши зикршуда аз рўи асари драматурги муосири рус Вячеслав Кобяков ва бо коргардонии Музафар Шарифӣ таҳия гардид. Қиссаи ҳаяҷонбахшу пуршўр ва ҳодисаҳои аҷоиби рўзгорро дар бар гирифта, аз ишқи поки ҷавонон ҳикоя мекард, ки ҳамдигарро гум кардаву дар охири намоиш ба дидори ҳам мерасанд.

Қаҳрамонони намоиш Диловару Нилуфар ба ҳамдигар дил баста, мехостанд ҷашни арусӣ барпо кунанд, вале дар фурудгоҳ ҳамдигарро гум мекунанд ва Диловар дар рўзи туйи Нилуфар тасодуфан ба хонаи ў барои таъмири телевизор меояд ва ўро дида, бо ҳам издивоҷ мекунанд.

Қаҳрамони дигар, шавҳаршаванди Нилуфар, ки ў низ Диловар ном дошт, баръакс ба Дилором ном духтари дигаре ошиқ шуда буд ва намедонист инро чӣ гуна ба Нилуфар, ки рўзи тӯяшон муайян шуда буд, бифаҳмонад. Ночор барои бо ў издивоҷ кардан розӣ мешавад, аммо дар рўзи туй Нилуфар ба шавҳаршавандааш иқрор мешавад, ки дўстдоштааш пайдо шудааст ва бо ў хонадор мешавад. мекунад. Ҳамин тавр ҳама ба орзуҳояшон мерасанд.

Намоишнома ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ба муҳити имрўзи ҷавонон созгор буд ва бахусус калимаву ҷумлаҳои роиҷ миёни ҷавонони ин рўзҳоро фаро мегирифт ва аз саҳнаҳои ҳаҷву ханда лабрез буду ба бинанда кайфияту лаззати хубе бахшид.

 Кормандони китобхонаи миллӣ барои боло бурдани завқи зебоипарастӣ ва ғанӣ гардондани фазои фарҳангиву маърифатияшон ба театри мазкур ташриф бурданд ва қаблан низ намоиши таърихӣ ва пуровозаи «Исфандиёр»-ро, ки фарзанди ҳунарманд ва коргардони маъруф Фаррух Қосим Фирдавси Қосим рўи саҳна оварда буд, тамошо карда буданд.

Раҳима Аъзам, тарғиб ва баргузории чора биниҳои фарҳангӣ.