Кормандони Китобхонаи миллӣ Дарси сулҳи Пешвои миллатро тамошо карданд

31 августи соли 2026 кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо роҳбарият Дарси сулҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 баргузор гардид, тамошо карданд.

Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ ва баргузории Дарси сулҳ дар чунин рӯз бори дигар аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас дарак медиҳад. Зеро маҳз дар фазои сулҳу суботи пойдор барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, рушди илму маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои насли ҷавон заминаи мусоид фароҳам меояд.

Дарси сулҳ ҳамчун як чорабинии муҳими маърифативу тарбиявӣ аҳаммияти хосса дошта, дар он масъалаҳои марбут ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаи маориф ва масъулияти насли наврас дар назди ояндаи давлату миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханрпонии худ аз ҷумла фармуданд: “Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад. Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикри кишвар ба шумор меравад.”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овардани факту рақамҳо аз вазъи таъмини макотиби оливу миёнаи кишвар бо китобҳои дарсӣ ҳамзамон дар бораи сифати ин китобҳо изҳори назар карданд ва гуфтанд: “Аз оғози соли 2025 то ҳол ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ 9 миллиону 215 ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводди таълимӣ дастрас гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Барои дар соли таҳсили 2026 – 2027 бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводди таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ 40 номгӯй китоби дарсӣ аз озмун гузаштааст, ки нашри онҳо давра ба давра анҷом ёфта, дастраси хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуда истодааст. Яъне имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дар самти норасоии китобҳои дарсӣ мушкилот ба назар намерасад. Акнун зарур аст, ки мо бештар ба сифати китобҳои дарсӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати боз ҳам такмил додани сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав пайваста чораҷӯйӣ намояд”.

Як бахши дигари суханронии Пешвои миллат дар Дарси сулҳ ба тарбияи насли наврас ва дур нигоҳ доштани онҳо аз содир намудани ҷурму ҷиноят буд. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулияти волидон ва омӯзгорону мактабу маориф дар тарбияи насли наврас таъкид карданд ва фармуданд: “Ҳар як инсон дар ҷомеа, пеш аз ҳама, ба шарофати хислатҳои хуб ва ахлоқу одоби ҳамидааш соҳиби эҳтирому обрӯ мешавад. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ бояд аз оила оғоз шуда, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома ёбад.

Ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят бештар онҳое даст мезананд, ки аз тарбияи падару модар дур мондаанд, дар таҳсил фориғболӣ кардаанд, соҳиби касбу ҳунар нестанд ва дар зиндагӣ ҳадафи муайяне надоранд.

Падару модарон вазифадоранд, ки дар оила барои тарбия ва камолоти фарзанд муҳити солим фароҳам оваранд. 

Омӯзгорон вазифадоранд, ки дар қалби хонанда эҳтиром ба Ватан, қонун, падару модар, арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро парвариш диҳанд.

Таъкид менамоям, ки дар кори ниҳоят муҳимму ояндасози таълиму тарбия албатта, боз ҳам омӯзгорон масъулияти бештар доранд, зеро онҳо неруи тавонои тарбия ба шумор мераванд”.

Суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дарси сулҳ бидуни шак барои кормандони Китобхонаи миллӣ ҳам таъсири хос гузошт. Бахусус таъкидҳои пайвасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар макотиби оливу миёнаи кишвар, боло бурдани масъулияти падару модарон ва омӯзгорон дар кори тарбияи наслҳо нукоте буданд, ки наметавонад касро бетараф гузорад.

Инобат БОБОЕВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа