Кормандони Китобхонаи миллӣ давраи омӯзишии онлайнро дар Китобхонаи Давлатии Русия хатм карданд

Махфират МуҳиддиноваБо ташаббус ва дастгирии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ҳамасола кормандони китобхона ба минтақаҳои гуногуни кишвар Суғд, Бохтар, вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба сафарҳои корӣ фиристода мешаванд, ки ин ба пешрафти кори Муассиса мусоидат менамояд.

Дар Китобхонаи миллӣ ҳамчунин курсҳои такмили ихтисоси ҳузурӣ ва онлайнӣ ба роҳ монда шудаанд, ки кормандони Китобхона дар он ширкати фаъол меварзанд. Аз ҷумла чанде пеш 2 корманди Китобхонаи миллӣ Фариза Пиракова ва Махфират Муҳидинова дар курси такмили ихтисоси Китобхонаи Давлатии Русия тариқи онлайн иштирок доштанд.

Онҳо тӯли як моҳ (72 соати академӣ) бо нозукиҳои касби китобдорӣ, бавижа нигаҳдории китоб ва ҳуҷҷатҳо дар махзанҳои китобхона шинос шуданд. Мавзуи омӯзиш аслан “Асосҳои ҳифзи фондҳои китобхона” буда, алоқаи тарафайни фонди китобхона ва хонанда, робитаи зичи зерсохторҳои китобхона, инчунин шароит ва усулҳои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои махсус ва китобҳои нодир, тарзи таъмиру тармими онҳо, усулҳои безараргардонии ин ҳуҷҷатҳо аз мағор (грибок) ва фарсудашавиро дар бар гирифт.

Ба робитаи байни фонди китобхона ва кормандони китобхона, алоқамандии зичи фонди китобхонаву базаи моддӣ-техникии он нигоҳ накарда, ҳар як зерсохтори китобхона (фонди китобхона, хонандагон, кормандони китобхона, базаи моддӣ-техникии китобхона) каме аз доираи фаъолияти китобхона берун аст, зеро фонд ҳамеша ҳуҷҷатҳоеро дорост, ки вориди китобхона шудаву вориди фонд нашудаанд. Яъне китоб ва ҳуҷҷатҳои тоза ба китобхона овардашуда ҳоло коркард нашудаанд. Барои ҳамин ин китобҳо фонди эҳтимолии китобхона шуморида мешаванд, на фонди воқеӣ.

Аз тарафи дигар бо мурури замон қисмате аз ҳуҷҷатҳо метавонанд аз китобхона хориҷ карда шаванд. Ин ҳуҷҷатҳои хориҷшаванда аз феҳристҳо пок карда шуда бошанд ҳам, дар дохили китобхона мавҷуданд. Бояд гуфт ки минбаъд китоб ва ҳуҷҷатҳои навворидгашта каркард шуда, ҷои китобҳои аз китобхона хориҷшударо мегиранд. Ин аст, ки китоб дар китобхона ҳамеша дар ҳаракат аст.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар доираи фаъолияти ин ё он соҳа доштани истилоҳоти умумӣ муҳим аст, вале барои китобдорон доштани истилоҳоти ягона дучанд зарур аст. Хазинаҳои китобхона яке аз дигаре бо хусусиятҳои худаш фарқ мекунад. Муҳимтарин хусусият комилӣ ё яклухтии он аст.

Фонд-хазина бояд ягонагии дохилӣ дошта бошад, яъне бояд кӯшиш кард, то ҳар як ҳуҷҷат, ҳар як китоб мазмуни ҳуҷҷати дигарро мукаммал гардонад, яъне давоми мантиқии якдигар бошанд. Ба ғайр аз ин хосиятҳои покизагии фонд низ муҳим аст. Яъне тоза кардани фонд (хазина) аз хуҷҷатхои ғайриасосӣ ва кӯҳнашуда, аз маводҳое, ки дигар ба вазифаҳои китобхона ва ба талаботи иттилоотии хонандагон мувофиқат намекунанд ё худ ҷавобгӯ нестанд. Ҳамаи ин хусусиятҳо арзиши китобхонаро дар назари хонандагон муайян карда, ба нигаҳбони фонд имкон медиҳад, ки ин фондро бомуваффақият идора кунад.

Роҳандозии чунин давраҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи  дониши соҳавии кормандон мусоидат менамояд.

Ба ҳамин минвол метавон гуфт, ки курси онлайнии мазкур дар ғанӣ гардондани дониши соҳавии мутахассиси китобхона кӯмаки назаррас дорад.

Пас аз хатми бомуваффақияти давраи омӯзишии мазкур кормандони Китобхона Фариза Пиракова ва Махфират Муҳидинова соҳиби шаҳодатнома гаштанд.  

Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа