Кормандони Китобхонаи миллӣ суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд
Субҳи имрӯз бо роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ“-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Файзализода Ҷумахон Хол кормандони ин боргоҳи илму маърифат ҷамъ омаданд ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш шуниданд.
Президенти Тоҷикистон мӯшикофона вазъи мактабу маорифро таҳлил карданд ва дар назди омӯзгорону вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои нав гузоштанд,
Доир ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва озмунҳои дигар Пешвом муҳтарами миллат изҳори назар намуда, дастур доданд, ки “мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад. Вазорати молия дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд”.
Президенти Тоҷикистон дар ҷойи дигар аз суханронии худ ба ҷавонон муроҷиат карданд ва аз онҳо хостанд бештар китоб хонанд, илм омӯзанд. Пешвои миллат дар муроҷиат ба ҷавонон гуфтанд, ки хонед, илм омӯзед, соҳибкасбу забондон шавед, вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён бошед. Ҳар коре, ки мо имрӯз анҷом дода истодаем, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати шумо мебошад.Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад.
Бинобар ин, ба ҳар яки шумо таъкид мекунам, ки ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расед, доим дар талоши илму донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошед, бештар китоб хонед, донишманд шавед, забони покиза ва одоби муоширати баланд дошта бошед, ояндаи давлатро соҳибӣ кунед, истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ҳифз намоед, онро таҳким бахшед ва обрӯю манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоред.
Абдуғаюр Саломов