Короленко Владимир Галактионович
Аз таваллудаш 172 сол гузашт, аз вафоташ 104 сол. Ҳамоно аз нависандагони пурхонандаву маъруф аст. Хонандагони тоҷик бо чанд ҳикояи ӯ низ ба забони модариашон ошноянд. Аз ҷумлаи маъруфтарин қаламкашони Русия буд, ки инқилоби болшевикиро напазируфт.
КОРОЛЕНКО ВЛАДИМИР ГАЛАКТИОНОВИЧ 27-уми июли соли 1853 дар шаҳри Житомир ба дунё омадааст. Нависанда ва публитсисти рус, Академики фахрии АИ Петербург (1900-02) ва АИ Руссия (1918). Падараш украинӣ, модараш лаҳистонӣ. Дар Донишкадаи технологиии Санкт – Петербург (1871), Академияи зироат ва ҷангалпарварии Петровскиӣи Маскав (1874), Институти маъданҳои кўҳии Санкт-Петербург (1877) таҳсил кардааст; ҳеҷ як аз ин мактабҳои олиро ба хотири боздошту табъид шуданаш ба Ёқутистон (ҳоло Саха), хатм карда натавонист.
Солҳои 1879-81 дар зиндон ҳикояи “Духтари ғалатӣ”-ро (1980, тарҷумаи тоҷикӣ-1939) навишта, образи як духтари муборизи русро офарид. Солҳои 1985-96 дар Нижний Новгород зиндагонӣ кард; соли 1983 ба ИМА ва Аврупои Ғарби сафар намуд (таассуроти мусофирати Амрико, аз ҷумла, дар повести “Безабон” – 1985, тарҷумаи тоҷикӣ 1965, бозчоп шудааст).
Соли 1896 ба Санкт-Петербург омада, ҳамроҳи Н.К.Михайловский моҳномаи “Русское богатство”-ро таъсис дод. Аз соли 1900 дар Полтава зиндагӣ мекард.
Короленко рўҳияи баланди башардўстӣ дошт ва барои бисёр ҳамзамононаш таҷассуми виҷдони айём буд. (М. Горкий ўро “бовиҷдонтарин нависандаи рус номида буд).
Ў Инқилоби Октябрро напазируфт; ба муқобили террори болшевикӣ эътироз кард (“Мактуб ба Луначарский” дар Порис соли 1922 ва дар ИҶШС соли 1988 нашр шуд).
Дар муносибат ба Короленко эҳтиром зоҳир мешуд, аммо даъватҳои чандинкаратаи ўро дар боби башардўстӣ нодида мегирифтанд.
Аввалин навиштаҳояш ҳамчун хабарнигор дар рўзномаи “Новостӣ”(1878) чоп шуданд. Дар нахустин ҳикояаш – “Лаҳзаҳое аз зиндагии “ҷўянда”(1879) ғояҳои инсондўстии ў бозтоб шудаанд. Ҳикояи “Хоби Макар” (1885) тарҷумаи тоҷикӣ -1993) ба Короленко маъруфият овард.
Дар асарҳои Короленко ҳикояҳои “Хориқа”, “Яшка”, “Қотил”, 1980, “Ҷангал ғавғо мекунад”1886 ҳаёти охири асри XIX ва аввали асри XX аз бисёр ҷиҳат воқеӣ тасвир шудааст. Осори публитсистию бадеии дар солҳои 1895-1915 эҷодкардаи Короленко, ки вазъияти ичтимоӣ ва мусибатҳои оммаро ба вижа, пас аз инқилоби аввали рус тасвир ва табақаи ҳукмронро ҳамчун омили қатлу куштори оммавӣ маҳкум кардааст, низ муҳим шумурда мешавад. Асари дигари бузурги публитсистию бадеии Короленко ёддоштҳои “Таърихи муосирони ман” аст, ки дар он ҷо ҷараёни ташаккули шахсияти марди ҷавон дар давраи ҳаракати разночинҳо (зиёиёни табақаи ғайриашрофи Русияи асрҳои XVII-XIX) нишон дода шудааст.
Ў муаллифи мақолахои адабию танқидӣ ва ёддоштӣ дар бораи Н.Г.Чернишевский (1980), В.Белинский (1898), Г.И.Успенский (1902), А.Чехов (1902), Л.Н.Толстой (1908), Н.В.Гогол (1909) мебошад.
Короленко суннати реализми классикии русро, аз ҷумла мактаби воқеъгароёнаи Тургеневро давом дода, ҷиҳатҳои навро низ кашф кардааст.
Короленко Владимир Галактионович 25-уми декабри соли 1921 дар шаҳри Полтава даргузашт.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10- С. 629.
Муаллиф: О. Шакурзода.
Таҳияи Олуча Исмоилова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.