Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу

Чунин аст номи китоби нави шоири маъруф Абдуҷаббор Суруш, ки  ахиран  чоп шудааст.  Ӯ  зодаи деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст,  ки 13-уми апрели соли 1967 дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Таҳсилоти муқадамотиро дар мактаби деҳаи Искодар гирифта, баъдан дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Ҳуҷанд дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик таҳсил намудааст.

Пас аз хатми донишкада аз соли 1992 дар бахши вилоятии «Бунёди забони тоҷикӣ » ба кор шуруъ намуда, дар фосилаи  ду сол «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»-ро дар ду ҷилд таълиф намуд, ки ҳамон замон шарҳу тафсири  наздик 12000 вожаву ибораҳои ашъори Камоли Хуҷандиро фаро мегирифт. Ҷилди аввали «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»д ар нашриёти «Пайванд» соли 1996 ба чоп расид.

      Минбаъд ў ин фарҳангро дар фосилаи 20 сол такмил дод ва таҳриру тасҳеҳ кард, ки дар нусхаи комили он ба 17000 вожаву ибораҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ шарҳу тафсир навишта шудааст ва соли 2015 –ум дар нашриёти «Хуросон» -и шаҳри Хуҷанд нашр шуд.

      Ҳамчунин бо эҳтимоми Абуҷаббори Суруш бори нахуст дар Хуҷанд девони комили Камоли Ҳуҷандӣ бо ҳуруфи тоҷикӣ ва форсӣ таҳия ва чоп шуд.

     Суруш муддате дар маҷаллаи «Хуҷанд», комиссияи татбиқи Қонуни забони вилояти Суғд, ДДХ ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров, сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик кор кардааст. Ҳоло дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2001).

 Маҷмуъаҳои шеъраш ба номҳои «Фарёди силсилаи хомўшӣ» (1997), «Симоби маҳбус» (1998), «Салиби сафед» (1999» ва «Ҷазираи танҳоӣ» (2009) , «Бишнав аз най…(2012), «Дарахт, сапеда ва оина(ба хатти форсӣ) (2016) , «Муҳри меҳр» (2017), «Шабнами нафас» (2017), «Фарёди ёдҳо» (2018), «Ишқ ба сўи Худост» (2019), «Корвон…Рах…марғзор…оҳу» (2020,нашри аввал), «Ширини ман, Ширин!» ( Эрон , 2020). «Риштаи борон  «(Афғонистон, 2021) ва «Шеъри ман, Ширин» (2022) мунташир гаштаанд.

      Китоби Суруш “Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу”-ро шумо дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед

 Таҳияи Гулрӯ Исмоилова.