Кошифи асрори тамаддуни ниёгон (Чанд мулоҳиза доир ба рисолаи Б.Маршак «Ҳунари Суғди бостон)
Дар ҷодаи илму маърифат ҳамеша шахсиятҳое вомехуранд, ки бо услуби зиндагиву маҳсули эҷодиашон барои чандин наслҳои оянда ҳамчун қутбнамо ва манбаи илмҳом хидмат мекунанд. Олими маъруф, бостоншиноси варзидаи рус Борис Илич Маршак (1933-2006) аз зумраи чунин фидоиёни илм ба шумор меравад, ки тамоми умри хешро дар роҳи таҳқиқи тамаддуни қадимии халқи тоҷик сарф намудааст. Ў таи зиёда аз сӣ сол ҳамчун идомадиҳандаи кори устодаш А.М.Беленитский бевосита дар ҳафриёти Панҷакенти қадим ба таҳқиқи яке аз бузургтарин падидаҳои тамаддуни башар – осори фарҳангии суғдиёни шуҷоатманд машғул гардида, дар ин муддат садҳо намунаи санъати меморӣ, пайкарасозӣ ва наққошии ин мардуми хирадмандро кашф намудааст.
Аз осори илмии Б.Маршак, ки зиёда аз сад мақолаву таҳқиқотро дар бар мегирад, маълум мешавад, ки ин муҳаққиқи нуктасанҷ ба ҳар як бозёфти аз зери хок берун оварда шуда ба таври алоҳида баҳои олимона ва беғаразона додааст. Рисолаи «Ҳунари Суғд» яке аз охирин таҳқиқоти Б. Маршак мебошад, ки чанде қабл аз вафоташ тасниф шудааст.
Ҷолиби зикр аст, ки дар ин рисолаи начандон бузург ў тавонистааст ба намунаҳои машҳуртарини осори наққошиву меъмории Суғди қадим шарҳу эзоҳи илмӣ ва андешаву ҳидоятҳои нодир илова созад ва бо ҳамин дар ҷодаи илми бостоншиносӣ ва ҳунаршиносӣ саҳифаи бузургеро оғоз намояд.
Андеша ва мушоҳидаҳои Б.Маршак оид ба вижагиҳои осори ҳунармандони Суғд моҳияти хеле бузурги илмиро дорост, зеро ў дар ҳар як маврид бо далелҳои боэътимод исбот менамояд, ки дар кишвари Суғд (Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро) рушди ҳунар ва ҳунармандӣ ба дараҷаи олӣ расида, з-ин сабаб мактаби ҳунарии суғдиён дар мамолики ҳамҷавор мавриди пайравӣ қарор гирифта буд. Масалан, дар муаммои пайвандии олами ҳунармандӣ бо вижагиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва динӣ-мазҳабӣ хеле устодона ҳалли худро пайдо намудааст.
Муаллиф дар натиҷаи мушоҳидаҳои илмӣ таъкид менамояд, ки ҳунармандони суғдӣ асарҳои худро на барои шоҳон ё бо фармоиши онҳо, балки маҳз бо хоҳишу пешниҳоди ашрофзодагону деҳқонон ва заминдорони бузург эҷод мекардаанд. Ин хулоса моҳияти хеле бузург дорад, зеро бо ин услуб мазмун мақсади аслии эҷодӣ ва муҳтавои асосии асарҳои нодири наққошӣ ва меъмории он замонро метавон кашф кард.
Суғдиҳо қахрамони хешро якҷоя бо асбу абзор ва сару либос ба таври хеле зебо тасвир мекарданд ва дар баробари ин симои бегонагон, деву азозил ва дигар махлуқотро қасдан бо услуби зишт месохтанд. Б.Маршак дар саҳифаи охирини рисолааш доир ба ин сифати нодири эҷодии ҳунармандони суғдӣ чунин хулоса пешниҳод менамояд: “Вижагиҳои ҳунари суғдиён омили бузурги тарбияи шаҳрванди фаъолу соҳибэҳтироми давлати хеш ба шумор меравад, ки ў ба худоён содиқу ба ғояҳои қаҳрамонӣ эътимод дорад ва баҳри фарогирии ҳикмати зиндагӣ кўшанда мебошад».
Дар олами ҳунари аҳли башар (асосан дар давраи рушди ҳунари замони Эҳё) садҳо намунаҳоеро дучор меоем, ки мусаввирон дар онҳо чун анъана худоёнро ба услуби антропоморфизм (яъне айнан дар шакли инсон) тасвир намудаанд. Аз мушоҳидаҳои Б.Маршак дар хусуси услуби тасвири одамон ва худоён дар хунари суғдӣ чунин бармеояд, ки «суғдиён тавонистаанд симои инсонҳои мирандаро ба худоён муқобил гузоранд, зеро тасвири худоён бо унсурҳои гуногуни мунҳасир аз одамон фарқ мекунанд».
Ишораи дигари Б.Маршак ҳамчунин ба мазмуни наққошиҳои суғдиён тааллуқ дорад. Ў дар мавриди услуби тасвири сару либос ва ҷисму пайкари қаҳрамонони суғдӣ қайд намудааст, ки “китфҳои паҳну фарох бо камари борику мавзун ва панҷаҳои маҳкаму ангуштони борик ҳамоҳангӣ доранд. Ин симо аз симоҳои қаҳрамонони азимҷуссаи армонии даврони ахири сосонӣ билкулл фарқ мекунад, зеро суғдиён қаҳрамонашонро бидуни ҳашамати ҷисмонӣ тасвир менамуданд». Ин нукта хеле ҷолиб аст, яъне бори дигар исбот мегардад, ки дар ҳувияти суғдиён маҳз ақлу хирад, донишу маҳорат – омили асосии қудратмандӣ ба шумор мерафтанд, на қувваи ҷисмонӣ.
Албатта, бори дигар мо бояд ба устод А.Беленитский ва шогирди вафодораш Б.Маршак сипосгузорӣ намоем, зеро дар таҳқиқоти олимони варзида муаммои вобаста ба силсилаи мусаввараҳои Панҷакенти қадим, ки ба мавзўи корнамоиҳои Рустам бахшида шудаанд, шарҳи дақиқи илмӣ пайдо намудааст. Рустами достон ҳанўз дар асри VII м. дар мусаввараҳои Панҷакент яке аз қаҳрамонҳои асосӣ ба шумор мерафт ва дар якчанд саҳнаҳо корнамоиҳои ў бо услуби аълои ранга тасвир гардидаанд.
Мушоҳида ва хулосаи дигари Б.Маршак оид ба бозёфтҳои Панҷакент ҳамчунин ба як кашфиёти хеле нодир алоқаманд аст. Ў аз шаклу услуби тасвирҳои арақаи рўи деворҳо (деворнигораҳо) мавҷудияти як намуд «театр бо суратҳо»-ро кашф намудааст. Маршак ба хулосае меояд, ки шояд қабл аз ба миён омадани чунин деворнигораҳо «он тасвирҳо дар шакли тўморе вуҷуд дошта, ки ровӣ зимни қироат ё сурудан онро як-як боз карда ба намоиш мегузоштааст ва дубора оҳиста лўла мекардааст».
Бори дигар исбот мегардад, ки олими нуктасанҷ ба мазмуну мундариҷа ва моҳияти иҷтимоиву ҳунарии ин тасвирҳои хеле бо диққат ва бо донишу маҳорати комил баҳодиҳӣ менамояд. Яъне, мо имрўз метавонем ифтихор намоем, ки ҳанўз дар замони қабл аз ислом дар тамаддуни гузаштагони мо анъанаҳои «театри як актёр» вуҷуд доштанд. Ҷолиби тазаккур аст, ки дар замони мо, дар олами ҳунари Тоҷикистони навин ин суннат – яъне «театри як актер» бо ташаббуси ҳунарманди зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов эҳё гардида буд.
Муаммои дигаре, ки дар таҳқиқоти мазкури Б.Маршак хеле рўшан гардидааст, ба масъалаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни ҳунармандони Суғд ва Чин алоқаманд аст. Ў менависад, ки дар маснуоти ҳунармандони Суғд иртибот бо ҳунари сосонӣ қариб ба назар намерасад, аммо «ҳам шакл ва ҳам дар нақшу нигорашон ба ҳунари чини замони сулолаи Тан наздикӣ дорад. Дар Чин чандин карат зарфҳои нуқрагии суғдӣ, аз ҷумла бо навиштаҳои суғдӣ пайдо шудааст». Ин албатта, факти таъриҳӣ аст, вале дар ҳамин асос ва дар натиҷаи муқоисаҳои услубӣ Маршак ба хулосае меояд, ки «чун ангуру шаробпазӣ аз Ғарб, яъне аз Суғд ба Чин ворид гардидааст, аз ин рў зарфҳои майхўрӣ низ ба тақлиди ҳамсоягони ғарбӣ – суғдиён сохта мешудааст”.
Борис Илич Маршак дар ин рисолаи на чандон калонҳаҷм ба он ноил гардидааст, ки миёни тамаддунҳои қадим ва вазъи фарҳангии ҷаҳони имрўза хатти устувори пайвандкунандаро нишон диҳад. Масалан, ў паннои масали «Се ҳаким»-ро, ки тавонистанд аз устухонҳои бабри мурда ҷисму ҷони ўро эҳё намоянд, вале мунтазир набуданд, ки дарандаи зиндашуда сараввал худи онҳоро туъмаи хеш мегардонад мисол оварда, хулосаи ин ҳикматро чунин баён намудааст:
«олимон қудрати бузурги илмро доранд, вале аз пешомади озмоишҳояшон ояндабинӣ карда наметавонанд». Ин ҷо беихтиёр ба хотири кас суханони А.Энштейн оид ба ихтирои қудрати яроқӣ ядрои, ё худ муҳтавои қиссаи маъруфи М.Булгаков «Роковые яйца» мерасанд. Ин шахсиятҳои бузурги замони мо дар мавридҳои гуногун айнан ҳамин муаммои дар масали қадимӣ зикр гардидаро бо таассуф ёдовар шуда буданд.
Аз мушоҳида ва шарҳи илмии Б.Маршак доир ба ҳунари Суғди бостон метавон чунин хулосабарорӣ намуд, ки аҷдодони соҳибхунари халқи тоҷик ба мо на танҳо намунаҳои зиёди наққошиву меъморӣ, балки падидаи аз ин ҳам нозуктару муҳимтар – суннати олии муносибат ба ҳунар ва ҳунармандонро мерос гузоштаанд. Маршак бо мушоҳидаҳои хеле дақиқ ва олимона исбот намудааст, ки ҳунар ва ҳунарварӣ дар тамаддуни Панҷакент ва умуман Суғди қадим нақши меҳвариро иҷро намудааст.
Умедворем, ки хонандаи закӣ аз мухтавои ин рисола барои худ маълумоти хеле ҳам арзишманди фарҳангиро бардошт мекунад.
Насрулло Убайдуллоев
Аслиддин Низомӣ
Сарсухан ба китоби Б.И.Маршак “Ҳунари Суғди Бостон”. Душанбе, соли 2020.
Ин рисолаи бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Маршакро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолиа намоед.
Таҳияи Нигина Маҳмудова.