“Кӯдакони бадбахт”-асаре, ки беш аз 70 сол пеш тарҷума ва нашр шудааст

Фонди шуъбаи депозитарӣ бо яке аз осори арзишманди асри XX- китоби “Кӯдакони бадбахт”, ки соли 1954 аз ҷониби Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод ба нашр расидааст, ғанӣ мебошад. Муаллифони китоб Б. Лукянов ва В. Латов буда, тавассути ин асар масъалаҳои муҳими иҷтимоиро бо забони сода ва таъсирбахш инъикос намудаанд.

  Мавзӯи асосии ин китоб ба ҳаёти кӯдаконе бахшида шудааст, ки дар натиҷаи нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва беадолатиҳои ҷомеаи капиталистӣ ба зиндагии сангин рӯ ба рӯ шудаанд.

Муаллифон бо истифода аз далелҳо ва намунаҳои гуногун кӯшиш намудаанд, ки сарнавишти кӯдакони бепарастор, ятим ва аз муҳаббату ғамхорӣ маҳрумро нишон диҳанд. Асар хонандаро водор месозад, ки нисбат ба арзишҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак андеша намояд.

  Ин китоб на танҳо аҳаммияти адабӣ, балки арзиши таърихию фарҳангӣ низ дорад. Он бозгӯи муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологии давраи нашри худ буда, барои омӯзиши таърихи чопи китоб дар Тоҷикистон, таҳқиқи адабиёти иҷтимоӣ ва шиносоӣ бо осори солҳои 50-уми асри гузашта ҳамчун манбаи муҳим хидмат мекунад.

  Бо гузашти зиёда аз ҳафтод сол аз нашри он, “Кӯдакони бадбахт” ҳамчун намунаи мероси хаттии тарҷумаи осори адабии олам дар фонди шуъбаи депозитарӣ маҳфуз буда, барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони китоб арзиши баланди илмӣ ва маърифатӣ дорад.      

Абдуллозода Бунафша,

мутахассиси пешбари шуъбаи депозитарӣ.