Кӯҳзод Фатҳулло дар меҳмонии маҳфили «Ганҷи сухан»
Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии силсилабарномаи фарҳангии «Ганҷи сухан» бо иштироки шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кӯҳзод Фатҳулло баргузор гардид.
Дар маҳфил дӯстдорони шеъру адаб, хонандагони фаъоли шуъба ва ҳаводорони каломи бадеъ иштирок намуда, аз суҳбати самимӣ ва барномаи фарҳангии он баҳравар шуданд.
Маҳфилро Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, аз фаъолияти кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҷиҳати ташкили нишастҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароҳам овардани фазои муносиб барои рушди маънавии хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои таҳкими завқи китобхонӣ, арҷгузорӣ ба адабиёти миллӣ ва наздик намудани хонандагон ба аҳли илму адаб аҳамияти муҳим дорад.

Сипас, Муҳаммадиқбол Атозода меҳмони маҳфил Кӯҳзод Фатҳуллоро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, аз саҳми арзишманди ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва инъикоси мавзӯъҳои Ватан, модар, ишқ ва арзишҳои инсонӣ дар эҷодиёташ ёдовар шуд.
Кӯҳзод Фатҳулло барои даъват ба маҳфил ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва масъулони шуъба изҳори сипос намуда, дар бораи ҷойгоҳи модар дар зиндагии инсон, эҳтироми Ватан ва арзишҳои ахлоқӣ суханронӣ кард. Сипас шоир аз ашъори худ намунаҳо қироат намуда, ба хусус шеърҳои бахшида ба модар, зодгоҳ, кӯҳистон, сулҳу ваҳдат ва меҳани азизро пешкаши ҳозирин гардонд, ки аз ҷониби иштирокдорон бо самимияти хос истиқбол гирифта шуданд.

Дар ҷараёни маҳфил шоир ҳамчунин аз хотироти зиндагии худ қисса намуда, дар бораи нақши модар дар ташаккули шахсият ва илҳомбахш будани муҳити зодгоҳ дар эҷодиёти худ андешаронӣ кард.
Баъдан байни Кӯҳзод Фатҳулло ва иштирокдорони маҳфил суолу ҷавоби озод баргузор гардид. Ҳозирин доир ба нахустин қадамҳои эҷодии шоир, фаъолияти рӯзноманигорӣ, сарчашмаҳои илҳом ва мавзӯъҳои асосии ашъораш саволҳо пешниҳод намуданд. Меҳмон ба ҳамаи саволҳо посухҳои муфассал дода, аз таҷрибаи эҷодӣ ва хотироти шахсии худ нақл кард.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил аъзоёни фаъоли шуъба Муҳаммадҷон Холов ва Заринаи Абдураҳим бо иҷрои сурудаҳои дилнишин ба чорабинӣ шукуҳи бештар бахшида, хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Дар анҷоми маҳфил Кӯҳзод Фатҳулло ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд чор нусха аз китоби тозанашри худ бо номи «Аз домани кӯҳи баланд»-ро тақдим намуд. Аз ҷониби шуъбаи мазкур низ ба шоир туҳфаи рамзӣ ҳамчун нишони эҳтиром ва қадрдонӣ супурда шуд.
Ҳамзамон, бо дастгирии Қаҳвахонаи «Мурғ-кабоб» ба тамоми иштирокдорони маҳфил туҳфаҳо тақдим гардид.
Дар фарҷоми нишаст Муҳаммадиқбол Атозода ба меҳмони маҳфил, иштирокдорон ва сарпарасти чорабинӣ барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ минбаъд низ ба хотири ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии хонандагон ва тарғиби адабиёти миллӣ мунтазам баргузор хоҳанд шуд.
Инобат БОБОЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа