Кумак ба 11 нафар ниёзмандон дар остонаи иди Фитр

Дар идомаи иқдомҳои пешазидӣ роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба 11 нафар шахсони ниёзманде, ки худ аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуданд ва ё фарзандони маъюб доранд, кумакҳои идона карданд.

Ба ҳар кадоми ин афрод аз ҳисоби захираҳои Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ ва маблағҳои ихтиёрии хайрияи кормандон 50 килоӣ орд ва 5 литтрӣ равған тақсим карда шуданд.

Аз ин пештар ҳам Иттифоқи касабаи китобхона ба 470 нафар кормандони он 5-килоӣ ордва равған тақсим карда буд.