Кумак ба камбизоатон ва оилаҳои дорои шахсони маъюб дар иди Қурбон

Иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар арафаи иди мубораки Қурбон ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаи кормандон ва маъмурияти Китобхона ба 15 нафар корманди Китобхонаи миллӣ, ки оилаҳои камбизоатанд ва ё дорои фарзандони маъюби гурўҳи якум, дуюм кўмак намуд.

Ин кумакҳо шомили маводи ғизоӣ буданд ва ба ҳар оила 10 кило орд, 3 литр равғани рустанӣ, 5 кило шакар, 5 кило биринҷ, 5 кило макарон, 5 кило марҷумак ва як баста тухм иборат буд.

Масъулини Иттифоқи касабаи муассиса ёриҳои ҷудошударо ба хонаводаҳо расонданд.

Инчунин дар рузи туйи хонадоршавии як нафар корманди камбизоати Китобхона аз ҳисоби маблағи дар боло зикр гардида (10 ҳазор сомонӣ) кумак расонда шуд.

Ёқуб Бобохонов