Кӯмаки Китобхонаи миллӣ ба тарбиятгирандагони Интернати Кангурт

Интернати-КангуртМуассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришӽои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раӽмон нисбати дастгирии табақаи ниёзманди аӽолӣ, ятимону бепарасторон амалан иқдом мекунад.

Дирӯз аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи  Темурмалик бахшида ба 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ кумакҳои башарӣ ирсол шуд.

Ин кумакҳо иборат аз як адад тафдони газӣ-барқӣ (газо-электроплитка), дастгоҳи хушккунии зарфҳо, таҷҳизот барои шустушӯи зарфҳо дар ошхона тавассути муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, раиси кумитаи Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ Якубҷон Бобохонов ва сардори бахши таҳрир ва интишорот Шаҳобиддин Назаров ҳадя шуд.

Интернати-Кангурт

Ёдовар мешавем, ки дар мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон  ҳудудан 150 нафар кӯдакону наврасон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бори чорум аст, ки Китобхонаи миллӣ ба ин мактаб-интернат кумак мерасонад. Аз ҷумла, соли гузашта низ дар арафаи таҷлили рӯзи дониш ва Истиқлоли давлатӣ ба мактаб-интернати давлатии Кангурт маводҳои канселярӣ, китобу дафтар ва қаламу коғаз тақдим гардида буд.

Роҳбарияти мактаб-интернати Кангурт бо сипосу қадрдонӣ изҳор доштанд, ки кумакҳои расида бидуни шак барои беҳбуди шароити будубоши бошандагони ин Интернат амалан ёрӣ хоҳад расонд.

Интернати-Кангурт

Роҳбарияти Интернат барои ҳамкории ҳамешагӣ ва дастгириҳо ва расидагӣ ба мушкилоти муассиса роҳбарияти Китобхонаи миллиро бо “Сипоснома” қадрдонӣ намуд.

Наргис НАЗАРЗОДА